БАРГУЗОРИИ ТАҶРИБАИ АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ВАЙРОНШАВИИ ГАРДИШИ ХУН ДАР РАГҲОИ ХУНГАРД»

БАРГУЗОРИИ ТАҶРИБАИ АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ВАЙРОНШАВИИ ГАРДИШИ ХУН ДАР РАГҲОИ ХУНГАРД»

Аз санаи 13-ум то 19-уми соли ҷорӣ дар кафедраи физиологияи патологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар мавзуи «Вайроншавии гардиши хун дар рагҳои хунгард» бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён корҳои лабораторӣ гузаронида шуд. Таҷрибаи моделсозии вайроншавии хун дар рагҳои хунгарди қурбоққа гузаронида шуд. Дар раванди таҷриба қурбоққа ба зери микроскоп гузошта шуда, вайроншавии гардиши хун дар рагҳои хунгарди қурбоққа ба мушоҳида ба мушоҳида гирифта шуд. Раванд ва натиҷаи таҷриба ба донишҷӯён аз ҷониби омӯзгорон шарҳ дода шуд.

Баргузории чунин таҷрибаҳои амалӣ ба боло рафтани дониш ва малакаи касбии донишҷӯён мусоидат менамояд.


Кафедраи физиологияи патологии Донишгоҳ


19.10.2023 1677

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php