Ҷаласаи навбатии шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ
Санаи 27-уми ноябри соли 2018 дар маҷлисгоҳи раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарии Шӯрои илмӣ-методӣ муовини ректор оид ба таълим, д.и.т., профессор Ибодов С.Т. ва аъзоёни Шӯрои илмӣ-методӣ (ШИМ) ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.
Дар Шӯрои илмӣ-методӣ масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
1. Ахборот оиди фаъолияти ШИМ-и тахассусии фанҳои умумитаълимӣ ва терапевтӣ;
2. Тасдиқи коркардҳои методӣ;
3. Масъалаҳои гуногун.

Ҷаласаи Шӯрои илмӣ-методиро муовини ректор оид ба таълим, д.и.т., профессор Ибодов С.Т. оғоз намуда, суханро оиди масъалаи якум ба раисони ШИМ-и тахассусӣ доданд. Раиси ШИМ-и тахассусии терапевтӣ Мустафоқулова Н.И. ва раиси ШИМ-и тахассусии фанҳои умумитълимӣ Шерматов Д.С. баромад намуданд.
Аз тарафи сардори шуъбаи таълим д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М. пешниҳод гардид, ки барои акредетатсияи байналмилалӣ таҳияи маҷмӯи маводҳои таълимӣ-методӣ бо се забон, дар кафедраҳои клиникӣ варақаи баҳогузорӣ, малакаҳои амалӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, таҳия карда шаванд.