АГАР СЕСЕД ЗАБОН ДОНИ ФУЗУН НЕСТ!

АГАР СЕСЕД ЗАБОН ДОНИ ФУЗУН НЕСТ!
Маркази таълимӣ, илмӣ-клиникии «Стоматология»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино семинар-машварат дар мавзӯи «Агар сесад забон донӣ фузун нест» бо иштироки директори Марказ н.и.т. Одинаев И.С., мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ н.и.т.,дотсент Зарипов А.Р., сардори Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Таибов С.А., кормандон ва ординаторони клиникии кафедраи стоматологияи ортопедӣ, донишҷӯёни курси сеюми факултети стоматологӣ ва кормандони МТИК «Стоматология» баргузор гашт.
Дар семинари мазкур мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ н.и.т., дотсент Зарипов А. Р. Баромад намуда, устодон ва донишҷӯёнро ба ин рӯзи фархунда табрик гуфт ва афзуд, ки: -Дар ҳақиқат шоири тоҷик Саидаҳмади Аҷзӣ дуруст гуфтааст:
Агар сесад забон донӣ фузун нест,

Хама рӯзе ба кор ояд забун нест.

Надонӣ гар забони давлати худ,

Пушаймонӣ надорад оқибат суд.
Дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, ки таҳсил бо се забон ҷараён дорад, донишҷӯёни хориҷии мо ба омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд ва ба муваффақиятҳои назаррас низ ноил гаштаанд. Аз ҷӯмла, донишҷӯёни ҳинду, ки бо забони тоҷикии мо дар ансамбли «Шифо» суруд мехонанд боиси ифтихори мо тоҷикон аст. Пас аз қабул шудани қонун «Дар бораи забони давлатӣ» соли 1989 забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, ки ҳамасола 22 июл рӯзи иди забон ҷашн гирифта мешуд ва соли 2008 иди мазкур ба рӯзи 05 октябр гузаронида шуд.
Дар ҳақиқат забон, ки аз ҳастии миллат дарак медиҳад, барои мо соҳибони забон, забони тоҷикӣ аз ҳама ширинтар аст. Тавре ки шоир гуфтааст:
Чу шеъри Рудакӣ зебост,

Ба олам ӯ фараҳафзост,

Забони аз ҳама ширин,

Забони модарии мост.
Ҳозирини гиромӣ! Моро зарур аст, ки дар поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва дар амал татбиқ намудани қонуну қарорҳои ҶТ дар бораи забон саҳмгузор бошем.
Дар охир директории Марказ н.и.т. Одинаев И.С. ба сухан баромада аз Саъдии бузургвор ёдовар шуд, ки фармудааст:
Забон дар даҳон эй хирадманд чист?

Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.

Чу дар баста бошад, чи донад касе

Ки ҷавҳарфуруш аст ё пилавар.
Дар ҳақиқат забони тоҷикӣ, ки мақоми забони давлатиро дорад, имрӯз дар ҳама равандҳо истифода мешавад ва дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ забони кору фаъолият аст. Мо ифтихор аз он дорем, ки дорои чунин як забони бойи давлатӣ ҳастем. Кормандони Марказ ва донишҷӯёнро зарур аст,ки тамоми қоидаҳои қабулшудаи забони давлатиро дар риоя ва дар амал татбиқ намоянд.
Таибов С.А. - Сардори Шӯъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа 
Муҳидинова М. - Шӯъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

05.10.2020 1829

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php