«Ҳаёти шахсони наҷиб»

«Ҳаёти шахсони наҷиб»
04-ми январи с.2020 дар бинои нави таълимии ш.Шифобахш вохӯрӣ аз силсилаи: «Ҳаёти шахсони наҷиб», бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Аълочии тандурустии Тоҷикистон, доктори илми тиб, профессор, АНВАРОВ Айманҷон Ковланҷонович, доир гардид.
Ҳадафи асосии ин маҳфил шиносонидани шахсиятҳои шинохтаву арзанда, ки дар касбу кори гуногун бо меҳнати ҳалолу масъулиятшиносии баланд дар ҷомеа мақом касб кардаанд бо донишҷӯён, мебошад.
Дар чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба таълим, доктори илми тиб, профессор Ибодзода С.Т., оид ба ҳаёт ва фаъолияти Анваров А.К. мудири кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, н.и.т., дотсент Ҷӯраева Н.С. , доктори илми тиб, профессор Бобоев А.Б. ва шогирдону ҳамкорон: Хусаинова Анора Ачиловна, профессор Амонова Дилбар Субхоновна, н.и.т. Қобилова Барно Ҳамидҷоновна, мудири шуъбаи иттилоот ва библиография Каримова Меҳриниссо Мирзоевна ва хоҳари Анваров А.К.- Равшан Каплановна Анварова, баромад намуданд.
Бахшида ба чорабинӣ нишондиҳандаи биобиблиографии АНВАРОВ Айманҷон Ковланҷонович, нашр гардида ба иштиркочиён тақсим карда шуд.
Намоиши асарҳои профессор А.К.Анваров, стендҳои расм, намоиши адабиёти нав ва барномаи фарҳангии гурухи «Шифо» ба чорабинӣ, ҳусни тоза бахшид.
Китобхонаи илмӣ








06.01.2020 222