ТАҲЛИЛИ БЕМОРИИ КОВИД-19 ВА ИЛТИҲОБИ ШУШҲО ҲАНГОМИ ПАНДЕМИЯ

ТАҲЛИЛИ БЕМОРИИ  КОВИД-19 ВА ИЛТИҲОБИ ШУШҲО ҲАНГОМИ ПАНДЕМИЯ

Зимни таҳқиқот таҳлили ретроспективи беморони ковид – 19 ва беморони бистаришудаи илтиҳоби    дутарафаи шушҳо дар беморхонаи клиникии бемориҳои сироятӣ шаҳри Душанбе ҳангоми пандемияи беморӣ (ҳамагӣ 638 бемор) бо ковид-19 ва илтиҳоби дутарафаи шушҳо, ки дар беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе (дар давраи пандемияи ковид-19) бистарӣ буданд, гузаронида шуд. Ташхиси беморӣ дар асоси таҳлилҳои озмоишӣ: аз он ҷумла андуда аз гулӯ ва ковокии бинӣ тавассути реаксияи занҷирии полимеразӣ (ПЦР) барои дарёфти РНК-и ковид-19; тести фаврӣ бо муайян намудани потанҳои ковид-19 IgM ва IgG муайян гардид. Инчунин, барои ошкор намудани илтиҳоби шушҳо муоинаҳои функсионалии (рентгенографияи шушҳо ва томографияи компютерии (ТК) қафаси сина) гузаронида шуда буд.

Дар асоси таҳлилу натиҷагирии маводи аз тарафи мо коркардшуда муқаррар гардид, ки дар давраи пандемияи ковид-19 аз моҳи март то июни соли 2020 аз шумораи умумии бемороне, ки дар беморхонаи сироятӣ бистарӣ буданд, (638 нафар) дар 173 (27,1%) ҳолатҳо ташхиси ковид-19 бо роҳи лабораторӣ (ПСР), яъне муайян кадани РНК вирус аз андудаи ковокии бинӣ тасдиқ гардид.

Аз 638 нафар бемор дар 115 (18%) нафар ҳолати сабуки беморӣ, дар 195 (30,5%) ҳолати миёна ба қайд гирифта шуда,   дар 328 (51,4%) бемор ҳолати вазнин ҷараён гирифт.

Аз шумораи умумии калонсолон – аз 18 то 20 сола 6 (0,9%), аз 21 то 30 сола 61 (9,6%) нафар, аз 31то 40 сола 154 (24,1%) нафар, аз 41 то 50 сола 160 (25,1%) нафар, аз 51то 60 сола 164 (25,7%) нафар, аз 61 то 70 сола 66 (10,3%) нафар, аз 70 боло 27 (4,2%) нафарро ташкил дод.

Аз теъдоди умумӣ: мардҳо – 333 (52,6%) нафар, занҳо – 305 (47,8%) нафарро ташкил додааст. Аз шумораии умумии беморон 105 (16,4%) нафар аҳолии деҳот ва 533 (83,6%)-ро аҳолии шаҳр ташкил додаанд.

Аз шумораи умумии беморон 134(21,2%) нафарашон кормандони соҳаи тандурустӣ буданд.

Давраи инкубатсионии беморӣ аз 5 рўз то 12 рӯзро ташкил дод. Ин марҳила аз рӯзи оғози беморӣ ба ҳисоби миёна 7,8+1,3 рӯзро ташкил дод.

Ташхиси беморӣ дар ҳамаи ҳолатҳо аз тарафи мутахассисон дар асоси маълумоти клиникию эпидемиологӣ ва ҳамчунин тасдиқи озмоишгоҳӣ гузошта шудааст. Тадқиқоти вирусологӣ ба ковид-19 дар заминаи озмоишгоҳи Хадамоти санитарию эпидемиологии ҶТ гузаронида шуд. Ҳамчунин илтиҳоби дутарафаи шушҳо дар асоси озмоиши рентгенографияи шушҳо, томографияи компютерии (ТК) шушҳо тасдиқ гардид.

Шумораи фавтидагон аз илтиҳоби дутарафаи шушҳо ва ковид-19 ҳамагӣ 35 нафарро ташкил додаанд, ки аз ин дар 3 (5,5%) ҳолат ташхиси лабораторӣ ковид-19-ро тасдиқ кард. Сабаби асосии фавти беморонро норасоии нафас, ҷараёни вазнин ва тромбоэмболия ташкил доданд. Аз шумораи фавтидагон 25 нафар дорои бемориҳои музмини дилу рагҳо ва диабети қанд, 8 нафар дорои синдроми метаболитикӣ (фарбегӣ) ва 2 нафар дорои бемориҳои эндокринологӣ буданд.

Ба ҳамаи беморон табобат аз рӯи дастурамали муваққатӣ оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории сироятии короновируси ковид-19 гузаронида шудааст.

Хулоса, сабаби асосии дар шакли вазнин гузаронидани ҷараёни беморӣ ин дер муроҷиат кардани беморон ба беморхона ва сари вақт оғоз накардани муолиҷа мебошад. Сабаби фавти беморон бошад, ин норасоии нафаскашӣ, ҷараёни вазнин ва тромбоэмболия рагҳои хунгард муқаррар гардид. Аз шумораи фавтидагон 25 нафар дорои бемориҳои музмини дилу рагҳо ва диабети қанд, 8 нафар дорои синдроми метаболитикӣ (фарбегӣ) буданд.

Матинов Ш.Қ., Раҳмонов Э.Р., Талбов С.З.

Кафедраи бемориҳои сироятии МДТ “ ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино



03.12.2020 267