Семинар-машварат оид ба пешгири коронавирус дар МТИК «Стоматология»

Семинар-машварат оид ба пешгири коронавирус дар МТИК «Стоматология»
Дар МТИК «Стоматология»-и донишгоҳ 16 апрел соли ҷорӣ семенар- машварати кормандони кафедрањои стоматологияи ортопедї, муолиљавї, љарроњии љоѓу-рўй бо иштироки директори марказ, н.и.т Одинаев И.С ва сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи донишгоњ Таибов С., мудири кафедраи стоматологияи муолиxавb, н.и.т.Тохтахоxаева С.Т, мудири кафедраи стоматологияи ортопедb, н.и.т. Зарипов А.Р, табиб интернањо, ординаторони клиникї ва донишљўёни факултети стоматологї баргузор гардид.
Дар ин семинар ассистенти кафедраи бемориҳои сироятї Цой Виктория оиди «Сабабњо ва роњњои пешгирии пањншавии бемории коронавирус»баромад намуда афзуданд,ки то њол бештар аз 30 навъи короновирусҳо ба олимони соња маълуманд. Ин вирусњо дар парранда, сагу гурба, мўш, мор, куршапаракњо, хук, харгўш ва дигар намуди њайвонот инкишоф меёбанд.
Аломатҳои асосии ин беморӣ табларза, ҳарорати баланди бадан, сулфаи хушки бардавом, дарди сар, дарди гулӯ ва дарди мушакњо мебошад.
Вобаста ба оне, ки табиб стоматолог ҳамарӯза бо асбобҳо ва беморон сару кор дорад, имрӯз аз ҳарвақта дида бояд эҳтиёткор бошад, гарчанде хушбахтона то имрӯз ин беморї дар ҷумҳурии мо ба қайд гирифта нашудааст.
Дар муҳите, ки намӣ 40 фоиз ва ҳарорати ҳаво 20 дараҷа аст, коронавирус то 5 рӯз вуҷуд дошта метавонад. Барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ мардум бояд аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда, ҳамеша оби ҷӯшонидашуда нӯшида, аз сафар ба кишварҳое, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ намоянд. Ба ќоидањои бењдошт, махсусан бо собун шустани даст эътибори махсус додан лозим аст. Инчунин, ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои ин беморӣ ҳатман ба табибон муроҷиат намудан аз чораҳои асосии пешгирии коронавирус мебошад. Бо Инчунин қайд гардид, ки роҳбарии ректори донишгоҳ имрӯз ҳайати профессорону омўзгорон ва муњассилини МДТ “Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино” љињати пешгирии сироятёбї ба коронавирус дар њудуди донишгоњ, шањри Душанбе ва шањру ноњияњои љумњурї тадбирњои амалиро роњандозї менамоянд.
Таибов С.А. , сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Зуҳра Турсунова, мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

17.04.2020 350