Саҳмгузорӣ дар пешгирии бемориҳои сироятӣ

Саҳмгузорӣ дар пешгирии бемориҳои сироятӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эътироф намуда, дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти он ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад».
Аз ин лиҳоз зимни сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат дар кишвар ҳар сол даҳҳо муассисаи нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мебошанд, ба истифода дода шуда, маб-лағгузории соҳа меафзояд.
Дар соли 2019, ки бо Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2019 бобати таҳлили раванди татбиқи тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ «Оид ба вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид.
Муассисаҳои давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ», «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам», «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил» кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ин самт мушаххасу бештар ва мушкилоти мавҷуда рафъ намоянд. Донишҷуёни факултети тиббӣ бо сарварии муовини декани факултет оид ба тарбия Бурҳонова З.У., ки дар амалӣ гардидани ин иқдомҳо каме бошад ҳам саҳм гузошта бошанд.
Санаи 4 декабри соли 2019 дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бемории сил, бемориҳои системаи ҳозима, системаи хунгард ва БПНМ (СПИД) ва пӯст аз рӯи нақша- чорабиниҳои беруназдарсӣ, семинар доир гардид, ки аз ҷониби гуруҳи куратории 48-уми курси 1 –и факултети тиббӣ бо маърӯзаю намоиши слайдҳо ва саҳначаҳои ҷолиб пешниҳод гардонида шуд.
Дар чорабинӣ донишҷӯён дар байни ҳамсабақони худ инчунин анкетаронӣ намуданд ва ба ҳозирин маъводҳои тарғиботии аз ҷониби Маркази ташхисию табобатии БПНМ (СПИД) ва Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дастрасшудро паҳн намуданд.
Дар семинар мудири кафедраи биология бо асосҳои генетика дотсент Холбегов М.Ё, саркуратор ва кураторони кафедра, саркураторони кафедраҳои химияи биооорганикӣ, гистология, физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои информатика, ва анатомияи одам ва забони лотинӣ иштирок доштанд.
Декани факултети тиббӣ д.и.т.,профессор Хоҷаева Н.М.

Саҳмгузорӣ дар пешгирии бемориҳои сироятӣ
Саҳмгузорӣ дар пешгирии бемориҳои сироятӣ
Саҳмгузорӣ дар пешгирии бемориҳои сироятӣ
Саҳмгузорӣ дар пешгирии бемориҳои сироятӣ
Саҳмгузорӣ дар пешгирии бемориҳои сироятӣ
Саҳмгузорӣ дар пешгирии бемориҳои сироятӣ
05.12.2019 319