Пешгирии паҳншавии бемории коронавирус

Пешгирии паҳншавии бемории коронавирус
Дар МТИК Стоматология 7.04.20 ҷаласаи ғайринавбати кормандони кафедраҳои стоматологияи ортопедӣ, муолиҷавӣ, ҷарроҳии ҷоғу-рӯй бо иштироки директори марказ н.и.т Одинаев И.С ва сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Таибов С.А, мудири кафедраи микробиология ва вирусология д.и.т., профессор Сатторов Саидбек Саидович, мудири кафедраи стоматологияи муолиxавb, н.и.т., Тохтахоxаева С.Т, мудири кафедраи стоматологияи ортопедb н.и.т., Зарипов А.Р, табиб интернаҳо, орденаторони клиникӣ ва донишҷӯёни бахши-3 факултети стоматологӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа мудири кафедраи микробиология ва вирусология д.и.т., профессор С. С. Саторов оиди «Сабабҳо ва роҳҳои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус» баромад намуда, иброз намуданд, ки то ҳол бештар аз 30 навъи короновирусҳо ба олимони соҳа маълуманд. Ин вирусҳо дар парранда, сагу гурба, мӯш, мор, куршапаракҳо, хук, харгӯш ва дигар намуди ҳайвонот инкишоф меёбанд. Хуруҷи вируси намуди нави коронавирусро олимони соҳаи тиб охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухони Ҷумҳурии мардумии Чин ба қайд гирифтанд. Дар миёни сироятёфтагон табибон ва кӯдакон низ ҳастанд. Аломатҳои асосии ин беморӣ табларза, ҳарорати баланди бадан, сулфаи хушки бардавом, дарди сар, дарди гулӯ ва дарди мушакҳо мебошад. Бемории зикршуда аввал нафаскаширо душвор сохта, баъд ба кори шуш халал ворид месозаду дар ҳолати саривақт пешгирӣ накардан, инсонро ба марг мерасонад. Барои мубориза бо ин вирус дар Чин беморхонаҳои махсус сохта шуданд. Узви Шӯрои машваратии коршиносони кумитаи давлатии тандурустии Чин Сзян Жунмэн оид ба паҳн гаштани роҳҳои намуди нави коронавирус ва тарзи ҷилавгирӣ аз он гуфт, ки вируси 2019-nCoV тавассути роҳҳои қатрагӣ–ҳавоӣ вақти сулфидан ё атса задан, инчунин тариқи даст расондан ба бемор мегузарад. Одатан он ба масофаи 1-2 метр паҳн гашта, дар бадани инсон худро ҷой менамояд. Бо ин ҳама, коронавирус имкони дар ҳаво мондан надорад. Аммо вирус метавонад дар рӯи ашё пайдо шавад, масалан, аз оби даҳони шахси сироятёфта. Он вақт вай метавонад ба воситаи даст задан ба ҷисми инсон ворид гардад. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки вирус чанд соат дар рӯи ашёи ҳамвор имкони зинда мондан дорад ва ҳамчунин дар ҳавои нам ва ҳарорати мувофиқ метавонад чанд рӯзи дигар зинда бимонад. Масалан, дар муҳите, ки намӣ 40 фоиз ва ҳарорати ҳаво 20 дараҷа аст, коронавирус то 5 рӯз вуҷуд дошта метавонад. Барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ мардум бояд аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда, ҳамеша оби ҷӯшонидашуда нӯшида, аз сафар ба кишварҳое, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ намоянд. Ба қоидаҳои беҳдошт, махсусан бо собун шустани даст эътибори махсус додан лозим аст. Инчунин, ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои ин беморӣ ҳатман ба табибон муроҷиат намудан аз чораҳои асосии пешгирии коронавирус мебошад. Мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ н.и.т.Тохтахоxаева С.Т ва мудири кафедраи стоматологияи ортопедb н.и.т. Зарипов А.Р. баромад намуда оиди ҳангомаҳо атрофи он ки гӯё як марди 60-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо сирояти бемории коронавирус фавтидааст, сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст,суханронӣ намуданд. Баъзе аз расонаҳо бе таҳқиқоти аниқ ин хабарро дар саҳифаҳои худ нашр намуда, ба таҳлили беасосу ҳангомасозӣ пардохтаанд. Аммо натиҷаи ташхиси ин мард, ки қабл аз фавташ гирифта шуда буд, ҳамроҳ бо 22 ташхис ба Лондон ва 9 ташхиси дигар ба Москав равон карда шуда буданд, ки натиҷаи онҳо манфӣ баромадааст.
Хушбахтона озмоишгоҳҳои кишвар барои муайян намудани сирояти коронавирус ва нишонаҳои он пурра омода мебошанд. Ҳоло дар озмоишгоҳҳои кишвар 25 ҳазор тестҳо ҷиҳати муайян намудани коронавирус мавҷуд мебошанд, ки то имрӯз ба наздики 3 ҳазор нафар шаҳрвандон аз ташхиси тести коронавирус гузаронида шуда, ҷавоби ҳамаи онҳо манфӣ баромадаанд. Ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳассилини МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ ба коронавирус дар ҳудуди донишгоҳ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамоянд. Ректори донишгоҳ аъзои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва тибқи Нақшаи чорабиниҳои ситоди зикргашта низ донишгоҳ корҳои мушаххасро анҷом медиҳад.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос шаҳрвандон набояд ба хабару овозаҳо ва ҳангомасозиҳои расонаву гурӯҳҳои дасисасозу дастнигару шаурмахӯри хориҷӣ бовар кунанд. Гурӯҳҳои тангназару афроди пастфитрат мехоҳанд ин бемориро сипар карда, дар миёни ҷомеа ҳангомаҳо созанд. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон бояд инро бидонад, ки имрӯз Ҳукумати мамлакат қодир аст, барои пешгирии ин беморӣ муқовимат нишон диҳад ва мардум бояд ҳамеша эҳтиёткор бошанд ва ба тавсияи табибон гуш диҳанд.
Эҳтиёт ними ҳаёт аст, ҳама бояд донанд!

З-ин амал бас самарот аст, ҳама бояд донанд!

Гӯш кун тавсияи тиб бикуш дар покӣ,

Ин амал баҳри наҷот аст, ҳама бояд донанд!

С.А. Таибов, сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа,

Зуҳра Турсунова, мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

08.04.2020 991