Шашумин конференсияи илмиву-амалии ҷумҳуриявии “Саҳми занон дар рушди илм”

Шашумин конференсияи илмиву-амалии ҷумҳуриявии  “Саҳми занон дар рушди илм”

Рӯзи 11.02. соли 2019 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии занону духтарон шашумин конференсияи илмиву-амалии ҷумҳуриявии “Саҳми занон дар рушди илм”-ро дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.

Як гурӯҳ занон ва духтарони фаъоли Шӯрои бонувон дар ин конференсия иштирок намуда бо мақолаҳои худ баромад намуданд. Ба ҳамаи иштирокчиён сертификатҳо дода шуд. Доктори илмҳои тиб, профессори кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1 Додхоева М.Ф. барои мушарраф гардидан ба унвони фахрии узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми назаррас дар рушду такомули илми муосир бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.

2 нафар духтарони донишгоҳ, ординатори клиникии кафедраи стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия Турсунова Ҳ. ва донишҷӯи курси 6 факултети тиббӣ Ҳоҷиева Р. барои баромади хуб бо презентатсия соҳиби сипоснома гардиданд.

 

Шӯрои бонувон

 


14.02.2019 431