Омодагӣ барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва аз рўи нақшаи таълимӣ ва оғози машғулиятҳои амалии кафедраи физиологияи нормалӣ дар ОМИТ

Омодагӣ  барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва аз рўи нақшаи таълимӣ ва  оғози машғулиятҳои амалии кафедраи физиологияи нормалӣ дар ОМИТ
Бо оғози соли нави таҳсили 2019-2020 дар ҳамкорӣ бо ОМИТ дархости мудирони кафедарҳои физиологияи номалӣ, физиологияи патологӣ, фармакология, амалияи ҷаророҳӣ ва антомияи топографӣ оиди омода намудани маводҳои лозима (15 номгўй) ва ҳайвонотҳои озмоишӣ (қурбоққа 2500адад ва харгўш 140 адад) барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ворид гардиданд. Маводҳои лозима омода карда шуда 1000 адад қурбоққа дастрас карда шуданд.
Санаи 12.09.2019с. аз рўи нақшаи пешбинишудаи таълимии кафедраи физиологияи нормалӣ дар ОМИТ машғулиятҳои амалӣ барои донишчўёни курси дуюми факултаҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ ва фармасевтӣ оғоз гардиданд. Машғулиятхои амалӣ дар мавзӯъҳои: “Ангезиш, муттаасиршавӣ, биопотенсиалҳо, хусусиятҳои гузариши ҳаяҷон дар асаб ва боздорӣ, реҷаҳои кашишхӯрии мушакҳо, усулҳои тайёр намудани мустаҳзари мушакӣ ва асабӣ, “таҷрибаи Станиус- омӯзиши системаи гузаронандаи дил”, дар қурбоққа, инчунин азхудкунии муайян намудани гўруҳи хун бо ҳамроҳии ассестентҳои вобастабуда ва кормандони ОМИТ дар муддати 4 моҳ гузаронида мешаванд. Дар машғулиятҳои амалӣ аз тарафи ассистентҳои кафедра қисми назариявии мавзўъҳо баррасӣ карда шуда, аз ҳамаи донишҷуён дар дарсҳои амалии худ ҳар як гурўх аз қурбоққа истифода бурда хусусиятҳои физиологии мушакҳо, асабҳоро омўхта мешаванд, ки ин роҳи омўзиш барои беҳтар намудани сифати дарсҳои амалии донишҷўён мебошад.
Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ.

13.09.2019     110