Омӯзиши хусияти гепатоҳимоявӣ ва талхаронии маводи Феразон-липовитол, феразон- карвиол ва феразон- лимониол

Омӯзиши хусияти гепатоҳимоявӣ ва талхаронии маводи Феразон-липовитол, феразон- карвиол ва феразон- лимониол

Дар бахши фармакологияи эксперименталии Озмоишгоҳ санаи 18.06 соли 2019 барои натиҷагирии корҳои илмӣ-тадқиқотии дарозмуддат (1 моҳа) таҳти роҳбарии проф. Азонов Ҷ.А. ва роҳбари Озмоишгоҳ дотсент Ғаниев Х.А. дар ҳайвоноти озмоишӣ (мушҳои сафед, 42 адад) оиди “Омӯзиши хусусияти гепатоҳимоявӣ ва талхаронии маводи Феразон-липовитол, феразон-карвиол ва феразон-лимониол”анҷом гардиданд. Дар ин муддат ба ҳайвоноти озмоишӣ маводи омӯзишӣ ворид карда шуда, пас аз анҷоми тадқиқот барои натиҷагирии хусусияти талхаронии маводи дар боло қайдшуда дар ҳайвоноти озмоиши назоратӣ ва муқоисавӣ бо усули Фишер-Варса” амалиёти ҷарроҳии “Гузоштани найчаи обияткашӣ мар маҷрои умумии талхагузар” гузаронида шуда, миқдори талхаи хориҷшаванда муайян карда шуд. Дар баробари ин аз узвҳои дохилӣ- гурда, ҷигар, испурч, шуш, меъда барои ташхиси морфологӣ маводҳо гирифта шуданд. Барои тасдиқи хусусиятҳои гепатопотектории маводи тадқиқотшаванда таҳлилҳои биохимиявии хун гузаронида шуд. Корҳои ба анҷомрасидаи илмӣ- тадқиқотӣ қисми эксперименталии унвонҷӯён ва докторантҳои Озмоишгоҳ мебошанд.

 

Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ

 

 



21.06.2019     266