Корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар кафедраи фармакология

Корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар кафедраи фармакология Дар махфили илмии донишҷӯёни (МИД) кафедраи фармакология 21 нафар донишҷӯён аз факултетҳои гуногун аъзо мебошанд. Дар давоми сол аз рӯи нақшаи тасдиқшуда якчанд махфил баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён маърӯзаҳои ҷолиби худро баррасӣ карданд ва беҳтарини онҳо барои чоп ва иштирок дар конференсияи солонаи олимони ҷавон ва донишҷӯёни донишгох пешниҳод гардиданд. Мавзӯи илмии кафедраи фармакология «Коркард ва истеҳсоли доруҳои растанигии Тоҷикистон, ки хосияти зиддидиабетӣ ва антиоксидантӣ доранд» буда, роҳбари илми он д.и.т., профессор Ишанкулова Б.А. мебошад. Дар Озмоишгоҳи марказии илмӣ – тадқиқотии донишгох аз рӯи нақша як қатор корҳои эксперименталӣ гузаронида шуданд. Баъзе таҷрибаҳоро донишҷӯёни аъзои махфил таҳти роҳбарии устодони кафедра дар ҳайвонҳои лабораторӣ иҷро карданд. Қайд кардан лозим аст, ки ҳамаи ин экспериментҳо бо риояи талаботҳои комитети этика, яъне «Қоидаҳои гузаронидани корҳои таҷрибавӣ бо ҳайвонҳои эксперименталӣ» иҷро шудааст. Дар оянда низ кормандони кафедра кӯшиш менамоянд, ки ҳарчи бештар донӯшҷӯён бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб карда шаванд.

13.04.2020 327