ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ ФАРЗАНДОНИ БАРӮМАНДИ МИЛЛАТ

ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ ФАРЗАНДОНИ БАРӮМАНДИ МИЛЛАТ

Имрӯз ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи рентгенология ва радиология бо мақсади гиромидошти хотираи фарзандони барӯманди миллат оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва ходими намоёни давлатӣ ва сиёсӣ Нисор Муҳаммадро зиёрат намуданд.

Зиёрати оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат аз ҷумлаи иқдомҳои шоистае мебошад, ки ба пос доштани хотираи таърихӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги фарзандони миллат ва таҳкими эҳсоси худшиносии миллӣ равона гардидааст.

Иштирокдорони маросим бар сари турбати фарзандони барӯманди миллат Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва ходими намоёни давлатӣ ва сиёсӣ Нисор Муҳаммад гулдастаҳо гузошта, хотираи неки онҳоро гиромӣ доштанд.

Ин чеҳраҳои барҷастаи таърихи давлатдории тоҷикон дар роҳи бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои давлат ва ҳифзи манфиатҳои миллат нақши арзанда гузошта, дар рушди ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар саҳми назаррас доранд. Ному корномаи онҳо ҳамчун ҷузъи муҳими таърихи давлатдории миллӣ дар хотираи мардум боқӣ монда, барои наслҳои имрӯз ва фардо мактаби ибрат, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан ба шумор меравад.

Бо дарназардошти хизматҳои бузурги ин фарзандони фарзонаи миллат, бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоистаи онҳо бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидааст.

Гиромидошти хотираи шахсиятҳои бузурги таърихӣ дар замири насли ҷавон эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва давлатдориро таҳким бахшида, барои баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, худшиносӣ ва ватандӯстӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Зиёрати оромгоҳи фарзандони барӯманди миллат бори дигар моро ба омӯзиши таърихи давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони фарзонаи Ватан ва ҳифзи хотираи неки онҳо ҳидоят менамояд.

Рӯҳашон шод, хотираашон ҷовидон ва номи некашон дар қалби наслҳои оянда ҳамеша пойдор бод!

                                                               

 

                                                          Кафедраи рентгенология ва радиология


01.10.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php