ЗАРАРИ МАВОДҲОИ ПСИХОТРОПИЮ ВНМО ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

ЗАРАРИ МАВОДҲОИ ПСИХОТРОПИЮ ВНМО ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Дар Донишгоҳ вохӯрии судманд бо донишҷӯён таҳти унвони “Зарари маводҳои психотропӣ ва ВНМО ва роҳҳои пешгирии он” баргузор гардид. Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия Аҳрориён З.А. ифтитоҳ намуда, дар бораи аҳамияти мубориза бо падидаҳои номатлуб, аз ҷумла истифодаи маводҳои психотропӣ ва паҳншавии ВНМО, суханронӣ кард. Номбурда таъкид намуд, ки баланд бардоштани маърифати солимии ҷавонон ва тарбияи тарзи ҳаёти солим яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Донишгоҳ ба шумор меравад.

Дар вохӯрӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла сардори шуъбаи оид ба корҳои махсусан муҳими раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Абдулло Шуҳратҷон Файзулло, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими ҳамин раёсат, полковники милитсия Раҷабов Зайниддин Хайриддин, ваколатдори калон оид ба корҳои махсусан муҳими раёсат, подполковники милитсия Сафарзода Илҳом, мудири шуъбаи эпидемиологии МД Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО Раҳматуллоев Сафаралӣ, табиби эпидемиологи ҳамин марказ Боймуродов Камолиддин, инчунин аъзои гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Аҳмад иштирок намуданд.

Зимни баромадҳо ваколатдори калон оид ба корҳои махсусан муҳими раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Сафарзода Илҳом оид ба оқибатҳои ҳуқуқии истифода ва муомилоти ғайриқонунии маводҳои психотропӣ суханронӣ намуда, ҷавононро ба риояи қонунгузорӣ ва дурӣ ҷустан аз чунин амалҳои номатлуб даъват кард. Қайд намуд, ки мутаассифона, дар ҷомеаи муосир маводҳои психотропӣ дар шакли таблеткаҳо бо номҳои «Лирика», «Кристал» ва монанди инҳо пайдо гардидаанд, ки ҷавононро ба худ ҷалб намуда, онҳоро тадриҷан ба вобастагӣ гирифтор месозанд. Таъкид гардид, ки истифодаи чунин маводҳо ба саломатии ҷисмонӣ ва равонии инсон зарари ҷиддӣ расонида, қобилияти фикрронӣ, хотира ва идрокро коҳиш медиҳад ва метавонад, ба оқибатҳои вазнин, аз ҷумла вайроншавии фаъолияти узвҳои ҳаётан муҳим ва ҳатто марг оварда расонад.

Ҳамзамон, табиби эпидемиологи МД Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО Боймуродов Камолиддин доир ба роҳҳои сироятёбӣ, нишонаҳо ва усулҳои пешгирии ВНМО маълумоти муфассал пешниҳод намуда, аҳамияти тарзи ҳаёти солим ва маърифати тиббиро таъкид кард. Қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ҳудуди 18 ҳазор нафар ҳамчун гирифторони бемории ВНМО ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамзамон, мавсуф роҳҳои дурӣ ҷустан аз сироятёбии ин бемориро таъкид намуда, бо донишҷӯён суҳбати озод баргузор намуд.

Инчунин, аъзои гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Аҳмад дар баромади худ ҷавононро ба худогоҳӣ, масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъолона дар пешгирии чунин падидаҳои хатарнок даъват намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ муовини ректор оид ба тарбия Аҳрориён З.А. иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тиббии ҷавонон, инчунин пешгирии амалҳои номатлуб миёни онҳо аҳамияти муҳим дорад.

Муовинати тарбия


04.05.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php