ЗАХРОЛУДШАВИИ ҒИЗОӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

ЗАХРОЛУДШАВИИ ҒИЗОӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Захролудшавии ғизоӣ яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Ин ҳолат дар натиҷаи истеъмоли ғизо ё оби бо микроорганизмҳо, заҳрҳои химиявӣ ё моддаҳои зараровар олудашуда ба вуҷуд меояд. Ҳар сол миллионҳо одамон дар ҷаҳон ба захролудшавии ғизоӣ гирифтор мешаванд ва қисми зиёди онҳо кӯдакон, пиронсолон ва шахсони дорои масунияти паст мебошанд. Ин беморӣ метавонад ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонад ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто сабаби фавт гардад.

Сабабҳои захролудшавии ғизоӣ гуногун мебошанд. Бештари ҳолатҳо бо таъсири бактерияҳо, вирусҳо ва моддаҳои заҳрнок вобастаанд. Бактерияҳое чун салмонелла, стафилококк ва E.coli бештар дар гӯшт, тухм, шир ва дигар маҳсулоти зудвайроншаванда инкишоф меёбанд. Агар чунин маҳсулот дуруст нигоҳ дошта нашаванд ё пурра пухта нашаванд, онҳо метавонанд боиси беморӣ гарданд. Вирусҳо низ тавассути ғизо ва об ба организми инсон гузашта, боиси вайроншавии фаъолияти узвҳои ҳозима мешаванд. Илова бар ин, баъзе моддаҳои химиявӣ, аз ҷумла пестисидҳо, нитратҳо ва металлҳои вазнин, метавонанд сабаби заҳролудшавии шадид гарданд.  Аломатҳои захролудшавии ғизоӣ одатан баъди чанд соат ё баъзан баъди якчанд рӯз пайдо мешаванд. Бемор бештар аз дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарунравӣ, дарди шикам ва баланд шудани ҳарорати бадан шикоят мекунад. Дар бисёр ҳолатҳо сустӣ, беҳолӣ ва камобшавии организм низ ба назар мерасад. Агар сари вақт чораҳои зарурӣ андешида нашаванд, ҳолати бемор метавонад вазнин гардад.

Захролудшавии ғизоӣ асосан дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ ба амал меояд. Дастони ифлос, зарфҳои ношуста, оби олудашуда ва нигоҳдории нодурусти маҳсулот аз омилҳои асосии паҳншавии ин беморӣ мебошанд. Истеъмоли маҳсулоти муҳлатгузашта ё ғизои дар шароити ғайрисанитарӣ тайёршуда низ хатари сироятёбиро зиёд мекунад. Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои аввалини захролудшавӣ ба бемор бояд ёрии аввалин расонида шавад. Пеш аз ҳама истеъмоли ғизои шубҳанок қатъ карда шуда, ба бемор оби зиёд додан лозим аст, то ки организм аз камобшавӣ муҳофизат шавад. Дар ҳолатҳои вазнин бемор бояд ҳатман ба муассисаи тиббӣ муроҷиат намояд, зеро худмуолиҷа метавонад боиси бад шудани вазъ гардад.

Ҳамин тавр, захролудшавии ғизоӣ яке аз бемориҳои паҳншуда буда, метавонад ба саломатии инсон таъсири манфии ҷиддӣ расонад. Баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ғизои босифат метавонанд сатҳи чунин бемориҳоро коҳиш диҳанд ва барои ҳифзи саломатии ҷомеа мусоидат намоянд.

Давлатзода Б.Ҷ.-ассистенти кафедраи беҳдошти муҳити зист


28.05.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php