Забони модарӣ пайки умедӣ!
Дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ ба ифтихори ҷашни Рӯзи забон ҷаласа баргузор гардид, ки дар он муовинони ректор оид ба корҳои илмӣ, академик Юсуфӣ Саломиддин Ҷаббор, оид ба корҳои муолиҷавӣ номзади илмҳои тиб, дотсент Қобилов Қобилҷон Кенҷаевич, оид ба корҳои тарбиявӣ н. и. т. Қурбонбекова Парвина Қамчибековна иштирок ва аз номи роҳбарияти донишгоҳ устодон ва донишҷӯёнро ба ин ҷашни таърихӣ табрик намуданд.
Яке аз омилҳои асосии ба даст овардани Истиқлолият ин мақоми давлатӣ гирифтани забони модарист. Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои мауззами миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Рӯзи забон иброз доштанд, моро зарур аст, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарии худ ҳамеша талош варзем. Забони миллии мо яке аз омилҳои асосии ваҳдату ягонагии миллати мо мебошад. Ба шарофати сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз забони мо эътибору эҳтироми аслии хешро барқарор намудааст. Забони миллии мо чун забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, аз он ҷумла дар соҳаҳои сиёсату давлатдорӣ, илму маорифу тандурустӣ ба таври васеъ ва густурда мавриди истифода қарор гирифтааст. Забони тоҷикии форсии дарӣ забони аслии диёри аҷдодии мост. Тавре ки Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон навиштаанд: “Фаромӯш набояд кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон маҳз дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфта, ба эҳёи тафаккури миллии форсизабонон ва густариши адабиёти классикии тоҷику форс замина гузоштааст”.
Агар ба таърихи арзишманди миллатамон нигарем, мебинем, ки бузургони хирадманди мо ба монандӣ Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Берунӣ, Балхиву Ҷомӣ, Саъдиву Ҳофиз барои инкишофи забони модарии худ хидмати бузург кардаанд, ба забони модарии хеш то нафаси охирин содиқу вафодор будаанд. Маҳз заҳмати пурмаҳсули онҳо ва муҳаббати шаҳрвандони кишвар ва роҳбарияти сиёсии мо буд, ки имрӯз забони модарии мо дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо қонуну санадҳои меъёрӣ ҳифз мегардад, барои рушду такомули минбаъдаи он шароити созгор фароҳам омадааст.
Умед бар он дорам, ки ҳама мову шумо дар талоши ҳифзу нигаҳдории забони модариамон ва сарвати бебаҳои он хоҳем буд ва забони модарии мо умри ҷовидона хоҳад дошт.
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.
Сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия Таибов С.А.
Мутахассиси шуъбаи иттилоот ва нашрия Турсунова З.Г.
07.10.2019
927