ЗАБОНИ МИЛЛАТ - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

ЗАБОНИ МИЛЛАТ - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Санаи 1 октябри соли 2026 дар кафедраи физиологияи нормалӣ чорабинии маърифатӣ ва фарҳангӣ дар мавзуи «Забони миллат - ҳастии миллат» баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва баланд бардоштани маърифати забонии аъзои кафедра ва донишҷӯён буд.

Дар чорабинӣ аъзои ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёни кафедраи физиологияи нормалӣ фаъолона иштирок намуданд.

Сухани ифтитоҳиро мудири кафедра ҷаноби Холбекиён Мирзоҳамдам Ёрбек гузаронд. Ӯ дар баромади худ аҳамияти забони модариро ҳамчун рукни асосии ҳастӣ ва ҳувияти миллӣ, нақши забон дар ҳифзи фарҳанг, таърих ва анъанаҳои миллат таъкид намуд. Ҳамчунин, мудири кафедра зарурати эҳтиром ва риояи қоидаҳои забони адабии тоҷикиро аз ҷониби ҳар як шаҳрванд, бахусус зиёиён ва мутахассисони соҳаи тиб, зикр намуд.

Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён оид ба нақши забон дар рушди илм, аҳамияти истифодаи дурусти истилоҳоти илмӣ-тиббӣ бо забони тоҷикӣ ва зарурати поку беолоиш нигоҳ доштани забони миллӣ ибрози назар карданд. Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ сипарӣ шуд ва барои ширкаткунандагон аҳамияти калони тарбиявию маърифатӣ дошт.

 

Кафедраи физиологияи нормалӣ


01.10.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php