ЗАБОН РУКНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

ЗАБОН РУКНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Санаи 02.10.2026 дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 бо иштироки кормандони кафедра, ординаторони клиникӣ, духтурони интернаҳо, донишҷуёни курси шашуми факултети тиббӣ гуруҳҳои 54 то 59 ва гурӯҳи хориҷии 88, кормандони МД ММТҶТ “Шифобахш” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомад баргузор гардид.

Ҷамъомадро мудири кафедра н.и.т., дотсент Уроқов К.З. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки ҳамасола 5 октябр ба ифтихори қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ – Рӯзи забони давлатӣ қайд карда мешавад. Дар дунё 6 ҳазор забон ҳаст ва фақат 100 забон мақоми давлатиро гирифтааст, аз он ҷумла, забони тоҷикӣ. Бо назардошти арҷгузорӣ ба забони модарӣ сарвари давлат гуфтааст: “Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад”.

Донишҷӯён бо суханҳои пурмазмуну пурғановати худ доир ба забони давлатӣ, ки инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат маҳсуб меёбад, мунозираи ҷолиби диққатро анҷом доданд. Зикр гардид, ки забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, гузашта аз ин муаррифгари миллат мебошад.

Гиромӣ доштани забони тоҷикӣ дар ҳамаи давру замон, ки дар китоби “Тоҷикон” - и Бобоҷон Ғафуров дарҷ гардидааст ва арҷгузории ин забон, ки арзиши муҳими давлату миллат маҳсуб меёбад, қарзи фарзандии мо тоҷику тоҷикистониён мебошад.

Чорабинии мазкур дар фазои идона ва бо як ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ баргузор ва ҳусни анҷом пазируфт.

 

Кафедраи бемориҳои дарунии №3


03.10.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php