ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ: ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ: ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Санаи 5.10.2026 дар кафедраи стоматологияи кӯдакона ва ортодонтияи Донишгоҳ бо иштироки донишҷӯёни курси 4-уми факултети стоматологӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи маърифатӣ-тарбиявӣ таҳти унвони «Забон - ҳастии миллат аст» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи фарҳангу таърихи миллати тоҷик нақши муҳим дорад. Иштирокчиён оид ба мақому мартабаи забони давлатӣ, саҳми бузургони адабу фарҳанг дар рушди он ва зарурати риояи меъёрҳои забони адабӣ андешаронӣ намуданд.

Зикр шуд, ки барои донишҷӯёни соҳаи тиб донистану дуруст истифода бурдани забони тоҷикӣ аҳамияти хос дошта, муоширати фарҳангӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ ҷузъи муҳими фарҳанги касбии табиби ҷавон ба ҳисоб меравад.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳифз ва рушди забони давлатӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар буда, ҷавонон бояд дар таҳкими мақоми забони тоҷикӣ ва арзишҳои миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.


Кафедраи стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия



06.10.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php