ЯКҶОЯ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

ЯКҶОЯ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

Ҷомеа ҳамеша ба оромӣ, сулҳу субот ва амният ниёз дорад. Инсоният мекӯшад дар роҳи қонеъ гардондани талаботи моддӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии худ ба амалҳои шоиста ё ки баръакс ба амалҳои номатлуб даст занад. Аввалӣ сабаб мегардад, ки насли одам соҳиби роҳат, накӯӣ, хушнудӣ ва сазовори эътибору обрӯ гардад ва дигарӣ боиси парешонӣ, сарсонӣ ва сарафкандагии шахсу атрофиёнаш мешавад.

Боиси зикр аст, ки дар ҷомеаи имрӯза, ки тамоми қишрҳои он дар зери таъсири бевоситаи васоити ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ, раванди ҷаҳонишавӣ ё ба истилоҳ “глобализатсия” қарор доранд, огоҳкунонии бамавқеъ, хабаррасонии саҳеҳ ва ҳидоятнамоии тамоми шаҳрвандони ҷумҳурии соҳибихтиёрамон, аллалхусус қишрҳои осебпазири он, аз ҷумла ҷавонон ба самти дуруст аз аҳамияти баланд бархӯрдор аст. Раванди ҷаҳонишавӣ беихтиёр ва босуръат ҷомеаи ҷаҳониро таҳти таъсири худ қарор дода, дар ин раванд пеш аз ҳама бархӯрди тамаддунҳо, арзишу ақидаҳо ва тарзи муносибатҳои ҷамъиятӣ мушоҳида мешаванд. Аз ин раванд ҳеҷ як давлате наметавонад сарфи назар намояд, зеро даст кашидан аз ин раванд дасткашӣ аз рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии давлатро маънидод менамояд. Раванди ҷаҳонишавӣ тамоми соҳоти ҷомеаро фаро гирифта, он дар ташаккулёбии тарбия ва андешаи ахлоқии насли наврасу ҷавонон, ки асоси идеологияи миллиро ташкил медиҳад таъсир мерасонад. Ба ҳамагон маълум аст, ки идеологияи миллӣ омили асосии худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ба шумор меравад ва маҳз таъсиррасонӣ ва тағийри он боиси нузули асосҳои пойдорӣ ва бардавомии амнияти миллӣ ба шумор меравад. Зикр кардан бамаврид аст, ки хатари асосии нестшавии ҳар як миллату давлат дар коста гардидани идеологияи миллии ҷавонони он зоҳир мегардад. Ҷаҳонишавӣ яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба шаклҳои шуури ҷамъиятии наврасону ҷавонон ба ҳисоб рафта, ахлоқ, дин, ҷаҳонбинӣ ва умуман идеологияи шахсро муайян менамоянд ва ҳамзамон метавонад ба он таъсири манфӣ низ расонад. Ин таъсиррасониҳо баъзан сабаби оқибатҳои номатлуб, аз ҷумла гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гардида, дар натиҷа ба иҷроиши амалҳои террористию экстремистӣ аз тарафи онҳо оварда мерасонанд.

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги ҷамъиятӣ дорад ва барои амнияти давлат ва минтақаҳои гуногун хавфи ҷиддиро эҷод менамояд. Айни замон ҳанӯз ҳам амалҳои ба терроризм марбут дар ҷаҳони муосир мубрамияти худро аз даст надодаанд. Сарфи назар аз тадбирҳое, ки дар солҳои охир дар бахши мубориза бо терроризм андешида шудаанд, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки майл ба афзоиш дорад. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, ба хусус Шарқи Наздик фаъолшавии ташкилоту созмонҳои террористӣ ва маблағгузории онҳо аз ҷониби давлатҳои “абарқудрат” мушоҳида мешавад. Ҳоло ҳам дар як қатор давлатҳои ба мо наздик ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани дигар мушкилоти иҷтимоӣ гардидаанд. Гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани мақсадҳои ғаразноку нопоки худ пушти парчами дини Ислом, мудом ба қатлу ғорати мардумони бегуноҳ машғул буда, ҷавононро ба ин роҳ шомил мегардонанд. Аз ин рӯ терроризм ва экстремизм бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилоти ҷиддитарини башарият дар асри XXI табдил ёфтааст.

Экстремист- шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалу андешаҳои нопоку тундрав бо осеби махсус ба ҷомеа мебошад. Тавре, ки Пешвои муаззами миллат пайваста дар чорабиниҳою вохӯриҳояшон бо аҳли ҷомеа қайд менамоянд: «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Аз ин рӯ терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест!». Айни замон гуруҳҳои террористии зиёде бо номҳои гуногун- “Давлати исломӣ”, “Ҳизб –ут -таҳрир”, “Бародарони мусалмон”, “Ал қоида” ва “Толибон” дар гӯшаю канорҳои гуногуни ҷаҳон фаъолияти ғайриқонунӣ бо ғаразҳои сиёсӣ мебаранд. Онҳо барои пиёда намудани “ғараз”-ҳои нопоки худ бо роҳи найранг, фиреб, тарсу таҳдид ҷавононро гирифтор намуда, ба ин васила боиси вайронсозии амнияту сулҳу субот ва сохтори конститутсионӣ мегарданд. Лозим ба зикр аст, ки дар шароити кунунии душвори геополитикӣ, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз ҳар тараф хатар таҳдид мекунад, ҷавононро месазад, ки беш аз ҳарвақта зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бо руҳияи баланди худшиносию ҳувияти миллӣ барои ҳифзу пойдошти амнияту ваҳдату ягонагӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ки таҳти таъсири манфиатҷӯёни ғарбӣ тариқи таблиғи ҳар гуна ҷунбишу ҳаракатҳо дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор нагиранд. Таърих гувоҳ аст, ки созмонҳои террористию ифротӣ барои фаъолияти палиди худ на танҳо ба ҷалби мардону ҷавонписарон, балки ба асорату гирифтории занону ҷавондухтарон низ машғуланд. Хушбахтона, фаъолияти тамоми ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистдошта мувофиқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ҳисобида шуда, ҳангоми ҳар гуна ҳамкорӣ бо онҳо аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талаботи Кодекси ҷиноятии ҶТ ҷазои муайян пешбинӣ гардида аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар Паёму вохӯриҳои худ таъкид менамоянд, ки дар шароити пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90- уми асри гузашта фирефтаи нерӯҳои бадхоҳи миллат нагашта, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик талош варзанд.

Аз илму дониш бархӯрдор набудани ҷавонон яке аз сабабҳои асосии пайвастани онҳо ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мегардад. Ин гурӯҳҳо бештар ҷавононеро ба сафи худ ҷалб мекунанд, ки илму саводи кофӣ надоранд. Барои ба доми фиреби чунин гурӯҳҳо наафтидан, ҷавонон бояд пайваста илму дониш омӯзанд ва донишҳои сиёсии худро такмил диҳанд, зеро ҳар шахсе, ки соҳиби илму маърифат аст, гумроҳ намешавад, дар зиндагӣ саодатманд ва муваффақу соҳибэҳтиром мегардад. Аз ин лиҳоз, амалисозии нақша-чорабиниҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз қабили нишасту вохӯриҳо, аксияву тренингҳо, мизҳои мудаввар ва конфронсҳо, бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа доир ба мавзуъҳои доғи рӯз, чунончи таъсири манфии истифодаи телефонҳои мобилӣ, гаравидани ҷавонписарону ҷавондухтарон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, даст кашидан аз истифода ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва воситаҳои нашъадору сигор, ҷалби ҷавонону наврасон ба ҳунармандию касбомӯзӣ, омӯзиши ҳар чӣ бештари забонҳои хориҷӣ ва иштироки онҳо дар озмуну сабқатҳои илмию варзишӣ ҳам дар миқёси ҷумҳурӣ ва ҳам байналмилалӣ аз ҷониби шахсони масъули мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон, ташкилоту муассисаҳои таълимии миёна, касбӣ ва олӣ, инчунин оила аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Ҳамин тариқ, бояд гуфт, ки ифротгароӣ дар кадом шакле, ки арзи вуҷуд намояд, қобили қабул нест, зеро он поймолгари тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ мебошад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама аз хурд то бузург даст ба дасти ҳам муқобила намоянд ва ба он роҳ надиҳанд. Мо ҷавонон терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем ва якҷоя бар зидди он мубориза мебарем!


 


05.03.2026 1077

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php