ВОРИСОНИ СИНО - МАЙДОНИ РАҚОБАТИ ДОНИШУ МАҲОРАТИ ДОНИШҶӮЁН

ВОРИСОНИ СИНО - МАЙДОНИ РАҚОБАТИ ДОНИШУ МАҲОРАТИ ДОНИШҶӮЁН

Дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ миёни донишҷӯёни фаъол озмуни зеҳнӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Ворисони Сино» баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ, таҳкими тафаккури илмӣ ва рушди маҳорати касбии донишҷӯён арзёбӣ мегардад.

Дар озмун се даста - «Набзи хирад», «Экзальтация» ва «Vagus-х» иштирок намуда, донишу маҳорати худро аз рӯйи бахшҳои гуногуни илмҳои назариявӣ ва клиникӣ санҷиданд. Озмун аз чор қисм иборат буда, саволу супоришҳо вобаста ба фанҳои тиббӣ, масъалаҳои мантиқӣ ва ҳолатҳои клиникӣ пешниҳод гардиданд.

Иштирокчиён бо омодагии хуб, ҷавобҳои дақиқ ва маҳорати баланди таҳлилӣ баромад намуда, фазои рақобати солим ва дӯстонавиро ба вуҷуд оварданд. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбастӣ дастаи «Vagus-х» сазовори ҷойи якум гардида, дастаи «Набзи хирад» ҷойи дуюм ва дастаи «Экзальтация» ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиёни фаъол ифтихорномаҳо супорида шуда, таъкид гардид, ки ғолибон зимни таҷлили расмии Рӯзи ҷавонон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин озмунҳо барои дарёфти чеҳраҳои фаъолу болаёқат, таҳкими ҳисси худшиносиву масъулиятшиносӣ ва тарбияи мутахассисони ояндадор мусоидат менамояд.


15.05.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php