ВОХУРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ
Санаи 18-уми ноябри соли равон дар толори бинои асосии донишгоҳ вохурии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳрориён З.А ва декани факултети тиббӣ Саидзода Б.И. бо донишҷӯёни ҳамаи курсҳои факултети тиббӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои риояи интизоми донишҷӯӣ, истифодаи самараноки технологияҳои муосир дар раванди таълим, шароити зисту зиндагии донишҷӯён дар хобгоҳҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Дар идомаи вохурӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳрориён З.А дар доираи масъалаҳои тарбиявӣ, давомот, интизом, риояи либоси тавсиявӣ ва буду бош дар хобгоҳҳоро мавриди музокира қарор гирифт.
Дар суханони худ таъкид намуданд, ки мо бояд имрӯз дар тарбияи насли ҷавони соҳибмаърифату ватандӯст ва дорои худогоҳии миллӣ ҳамаҷониба саҳми беандоза гузорем. Ичунин декани факултет тиббӣ дар якчанд мавзубаромад ироа намуданд, ки асоси онҳоро пешгирии зуҳуроти террористиву экстремистӣ ва муқовимат бо коррупсия дар байни донишҷӯён буд. Баъдан ба ҳамаи донишҷӯён оиди таёрӣ ба рейтингу имтиҳонҳои сесестрӣ зимистона ва саривақт супоридани шартномаи таҳсил то оғози рейтинги 2-ум ёдрасӣ намуданд.
Дар қисмати ҷамъбастии вохурӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва декани факултет ба муовинони факултети тиббӣ ва ҳамаи донишҷӯён барои бартараф намудани ҳама эроду нуқсонҳои ҷойдошта, риояи интизомӣ намунавӣ, ҳама тарафа назорат аз болои соатҳои кураторӣ ва беҳтар намудани шароити будубоши донишҷӯён дар хобгоҳҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ