ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМИ ФАКУЛТЕТИ ПЕДИАТРӢ

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМИ ФАКУЛТЕТИ ПЕДИАТРӢ

Дар факултети педиатрии Донишгоҳ бо иштироки донишҷӯёни курси якум машварат-вохӯрии судманд баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҷӯён, шиносоии онҳо бо раванди таълим ва пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеаи муосир арзёбӣ мегардад.

Нахуст декани факултет Давлатзода Б. Х. чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, донишҷӯёнро ба азхуд намудани донишҳои муосир, риояи интизоми донишҷӯӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти илмӣ ва фарҳангии донишгоҳ ҳидоят намуд.

Сипас сардори Раёсати таълимӣ-методӣ Абдуллозода С. М. вобаста ба тартиби раванди таълим, баргузор гардидани санҷишҳои фосилавӣ, имтиҳоноти ҷорӣ ва талаботи низоми таҳсилоти олии касбӣ суханронӣ карда, донишҷӯёнро барои омодагии ҷиддӣ ба дарсҳо ва истифодаи самараноки вақт даъват намуд.

Ҳамзамон сардори шуъбаи назорати ҳуқуқӣ Саидзода Ҷ. З. оид ба масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир, аз ҷумла хатарҳои терроризм ва экстремизм, хурофотпарастӣ, одамрабоӣ, истифодаи маводи мухаддир, коррупсия ва оқибатҳои ногувори ин зуҳуроти манфӣ андешаронӣ намуд. Қайд гардид, ки ҷавонон бояд ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва суботи ҷомеа саҳми фаъол дошта бошанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои донишҷӯён посухҳои мушаххас дода шуда, иштирокчиён чунин мулоқотҳоро барои баланд гардидани маърифати ҳуқуқӣ ва касбии ҷавонон муҳим арзёбӣ карданд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


26.05.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php