ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШҶӮЁН: ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТАМОЮЛИ БЕГОНАПАРАСТӢ

ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШҶӮЁН: ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТАМОЮЛИ БЕГОНАПАРАСТӢ

Дар Донишгоҳ вохӯрии ректори муассиса, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ бо доираи васеи донишҷӯёни факултети тиббӣ баргузор гардид, ки дар он ҳамзамон намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карданд.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию сиёсии донишҷӯён, пешгирии зуҳуроти терроризму экстремизм, муқовимат ба равандҳои ифротгароӣ ва бегонапарастӣ, инчунин таҳкими ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ дар байни ҷавонон буд.

Зимни суханронӣ ректори Донишгоҳ масъалаҳои муҳими таълиму тарбия, масъулияти донишҷӯён дар раванди азхудкунии донишҳои касбӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, пешгирии тундгароӣ ва тамоюлҳои бегонапарастиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ҷавонон бояд дорои ҷаҳонбинии солим, тафаккури мустақил, маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқӣ ва мавқеи устувори шаҳрвандӣ бошанд. Ҳамзамон, ректори Донишгоҳ ба масъалаи риояи фарҳанги либоспӯшӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон ва меъёрҳои муқарраргардидаи тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ масъалаи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва созмонҳои ифротгаро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои иттилоотиро шарҳ дода, таъкид карданд, ки бархе аз ҷавонон бо сабаби надоштани маърифати кофии ҳуқуқию сиёсӣ, бетаҷрибагӣ ва истифодаи нодурусти шабакаҳои интернетӣ ба доми таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Зикр гардид, ки дар байни чунин ҷавонони гумроҳшуда, мутаассифона, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар низ ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар як донишҷӯ ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушёр ва масъулиятшинос буда, ба ҳар гуна даъвату таблиғоти шубҳанок ва ғояҳои ифротӣ бо назари интиқодӣ муносибат намояд.

Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои риояи интизоми донишҷӯӣ, истифодаи самараноки технологияҳои муосир дар раванди таълим, шароити зисту зиндагии донишҷӯён дар хобгоҳҳо ва масъулияти сохторҳои дахлдори Донишгоҳ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Дар қисмати ҷамъбастӣ ректори Донишгоҳ ба масъулини сохторҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани эроду нуқсонҳои ҷойдошта, беҳтар намудани шароити будубоши донишҷӯён дар хобгоҳҳо, тақвияти назорат ва истифодаи мақсадноки имкониятҳои технологияҳои муосир дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки тарбияи насли ҷавони соҳибмаърифат, ватандӯсту худогоҳ, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар ин раванд ҳамкории пайвастаи муассисаи таълимӣ, оила ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аҳаммияти махсус дорад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


19.11.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php