ВОХӮРИИ МУОВИНОНИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ БО ДОНИШҶӮЁН ДАР ХОБГОҲҲОИ №4 ВА №7

ВОХӮРИИ МУОВИНОНИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ БО ДОНИШҶӮЁН ДАР ХОБГОҲҲОИ №4 ВА №7

25 ноябри соли 2026 дар хобгоҳҳои №4 ва №7 вохӯрии муовинони декани факултети тиббӣ бо донишҷӯён баргузор гардид.

Мақсади асосии ташрифи мазкур назорати шароити зисту зиндагии донишҷӯён, ҳолати санитарию гигиении ҳуҷраҳо ва риояи талаботи тартиботи дохилии хобгоҳҳо буд.

Зимни боздид аз хобгоҳҳо муовинони декан аз шароити зист, ҳолати санитарию гигиении ҳуҷраҳо, толорҳои хониш, ошхонаҳо, ҳаммомҳо ва риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор шинос шуданд.

Ҳамзамон, бо донишҷӯён оид ба масъалаҳои риояи қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, интизом, тартиби будубош дар хобгоҳҳо ва риояи мунтазами қоидаҳои гигиенаи шахсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Дар рафти вохӯрӣ ба донишҷӯён оид ба истифодаи мақсаднок ва эҳтиёткоронаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои мобилӣ, пешгирии фирефта шудан ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ, инчунин ҳифзи амнияти шахсӣ ва иттилоотӣ дастуру тавсияҳо дода шуданд.

Инчунин, ба донишҷӯёне, ки дар асоси шартнома таҳсил менамоянд, зарурати пардохти саривақтии маблағи таҳсил ёдрас карда шуд. Ба донишҷӯдухтарон бошад, ҷиҳати эҳтиром ва ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, риояи либоси тавсиявӣ ва худдорӣ аз тақлид ба фарҳанги бегона таъкид гардид.

Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ, риояи қатъии дастурамали таълимию тарбиявӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ ва пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қайд гардид, ки дар муқоиса бо ташрифҳои қаблӣ вазъи будубоши донишҷӯён дар хобгоҳҳо беҳтар гардида, як қисми камбудиҳои қаблан ҷойдошта бартараф карда шудаанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ донишҷӯён доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ саволҳои худро пешниҳод намуда, аз ҷониби муовинони декан ба онҳо ҷавобҳои мушаххас ва тавзеҳоти зарурӣ дода шуданд.

САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ


28.11.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php