Вохӯрии кормандони Шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино»
Рӯзи 18 марти соли 2020 дар МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» вохӯрии кормандони масъули Шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Носирӣ Алишер Қаҳҳор ва Шамсуллозода Кароматулло бо муовинони ректори донишгоҳ, деканҳою муовинони деканҳои факултаҳо оид ба таълим ва тарбия, роҳбарони бахшу шуъбаҳо ва донишҷӯён багузор гардид.
Мақсади вохӯрӣ, пурзур намудани пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, ҷиҳати амаликунии «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», инчунин, иҷрои талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар барои танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Вохӯриро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Курбонбекова П.Қ. ифтитоҳ намуда, вобаста ба муҳтавои чорабинӣ аз ҷумла қайд кард, ки масъалаи пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ дар донишгоҳ ҳамеша дар мадди назари роҳбарият қарор дорад. Новобаста аз ин моро зарур меояд, ки барои решакан намудани ин падидаи номатлуб якҷоя мутаҳид гашта, дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз тамоми воситаю имкониятҳои мавҷуда истифода барем.
Сипас, муовини сардори Шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Носирӣ Алишер Қаҳҳор ба сухан баромада зимни зимни суханрониаш зикр кард, ки бо коррупсия дар тамоми дунё муборизаи оштинопазир бурда мешавад, зеро то ҳол дар дунё давлате нест, ки худро ба пуррагӣ аз ин падидаи номатлуб эмин тасаввур кунад. Коррупсия имрӯз дар қатори терроризм ва ифротгароӣ падидаи ба оромии давлату миллат хавфнок арзёбӣ карда мешавад. Дар Тоҷикистон бори аввал соли 1994 қонун «Дар бораи мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» қабул гардидааст. Баъдтар Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалии «Мубориза бо коррупсия» ҳамроҳ гардид. Қабул гардидани «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз таърихи 30.08.2013 бошад, самтҳои наву самараноки муборизаро дар ин соҳа муайян намуд.
Носирӣ А. Қ. афзуд, ки Нақшаи Стратегия дар солҳои 2013-2020 гузаронидани 89 чорабиниро дар самтҳои афзалиятнок пешбинӣ карда, ба таври мушаххас муҳлати иҷро ва масъулинро пешбинӣ намудааст. Маърӯзачӣ оид ба мазмуну муҳтавои бандҳои асосии «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба таври мухтасар ба ҳозирин маълумот дод.
Қайд карда шуд, ки роҳбарияти сиёсии кишвар таҳти сарварӣ ва саҳмгузории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба масъалаи мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва пеш аз ҳама алайҳи коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, вобаста ба ин чорабиниҳои зиёдеро амалӣ менамоянд. Дар ҳақиқат вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шиддат гирифтани амалҳои тахрибкоронаи баъзе гурӯҳҳои тундрав дар минтақаҳои гуногуни сайёра ҳар яки моро водор месозад, ки ба воқеияти зиндагии худ дақиқназарона нигоҳ кунем ва дар ин вазъияти ҳассос ҳамчун шаҳрвандони давлати озоду мустақил ба ҳар як амали худ аз рӯи виҷдон баҳо диҳем. Аз ҷумла дар мубориза бо коррупсия ҳам бояд бетарафиро ихтиёр накарда, бояд ҳар кадоми мо саҳми арзандаи худро гузорем.
Носирӣ А.Қ. қайд намуд, ки тибқи назарсанҷии анҷомдодаи кормандони Агентӣ соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи мамлакат дар содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳанӯз ҳолати ташвишовар доранд. Ин ҳолат ҳар яки мову шуморо водор месозад, ки ба фаъолияти хеш бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нигоҳи тозаю бовиҷдонона назар андозем. Мавсуф пешниҳод намуд, ки бояд имрӯз дар ҳар зерсохтори давлатӣ масъулин таҳлили хавфҳои коррупсиониро анҷом дода, барои пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ чораҳои профилактикӣ андешанд. Маърӯзачӣ, ҷиҳати пешгирӣ ва решакан кардани падидаҳои номатлуби хусусияти коррупсионӣ дошта дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ оид ба бандҳои 2,11,22,27,28,48,80,81-и фасли 5-и «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» маълумоти муфассали таҳлилӣ пешниҳод намуд.
Аз ҷониби Носирӣ А.Қ. қайд карда шуд, ки ҳамаи ин чорабиниҳо, ба мисли қонунҳо, стратегияҳо, нақшаи чорабиниҳо ва ғайра бо мақсади пешгирию муборизаи беамон бар зидди коррупсия ва решакан кардани коррупсия дар ҷомеа мебошад, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқу рушди ҳамаҷонибаи Ватани азизамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳар як сокини Тоҷикистони мҳбубамон ва волоияти қонун дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон равона карда шудааст.
Маърӯзачӣ, инчунин аҳамияти калон доштани иҷрои талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар барои танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда, оид ба талаботҳои қонунҳои мазкур маълумоти таҳлилӣ пешниҳод намуд.
Дар фароварди вохӯрӣ аз аҳли иштирокчиён, аз ҷониби Носирӣ А.Қ. даъват ба амал оварда шуд, ки дар муборизаи беамон бар зидди коррупсия худро дар канор нагирифта, фаъолнокии шаҳрвандӣ зоҳир намоянд, зеро самаранокии фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаву корхонаҳои давлатӣ бо ҳамкорӣ бо ҷомеа самаранок мегардад. Аз аҳли нишаст хоҳиш карда шуд, ки дар решакан кардани коррупсия, ҳангоми огаҳ гардидан аз кирдорҳои характери коррупсионӣ дошта ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд ва суроға, телефонҳои боварию варақаҳои таблиғотии Агентӣ дастраси иштирокчиён гардонида шуд.
Дар охири вохӯрӣ аз номи Раёсати донишгоҳ, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Курбонбекова П.Қ барои вохӯрии хеле пурсамар ва муфид ба кормандони Шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуд.
Сармуҳаррири рӯзномаи “Ворисони Сино” Мазиёев М.Г.
20.03.2020
1678