ВОХӮРИИ КОРӢ ОИД БА БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ТАҲЛИЛИ БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМӢ ОИД БА ТИББИ ОИЛАВӢ

ВОХӮРИИ КОРӢ ОИД БА БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ТАҲЛИЛИ БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМӢ ОИД БА ТИББИ ОИЛАВӢ

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ оид ба баррасии натиҷаҳои таҳлили барномаҳои таълимӣ оид ба тибби оилавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, илм ва сиёсати кадрҳои ВТҲИА ҶТ Ашуриён Шаҳло, мутахассиси техникии Бюрои минтақавии Аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба захираҳои кадрии соҳаи тандурустӣ доктор Сулакшана Нандӣ, мутахассис оид ба масъалаҳои тандурустии ҷамъиятии Дафтари намояндагии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Маҳмудова, инчунин намояндагони Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино», Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ, Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ ва Ассотсиатсияи миллии табибони оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ин вохӯрӣ Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино»-ро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ, д.и.т., профессор Додхоҳ Ҷ.С., директори Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ, н.и.т., дотсент Қобилзода Қ.К., муовини сардори Раёсати таълимӣ-методӣ, н.и.т., дотсент Исоева М.Б., декани факултети тиббӣ, н.и.т., дотсент Набиев М.Х., мудири кафедраи тибби оилавӣ, н.и.т., дотсент Ёдгорова М.Ҷ., инчунин дотсенти кафедраи тибби оилавӣ, н.и.т. Носирова М.П. намояндагӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар кори вохӯрӣ тариқи онлайн инчунин коршиноси Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, мутахассиси эътирофшудаи байналмилалӣ, дорои таҷрибаи ғанӣ дар самти рушди тибби оилавӣ ва ислоҳоти низоми кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар кишварҳои Аврупо, профессор, доктор Залика Клеменц Кетиш иштирок намуд. Маҳз таҳти роҳбарии ӯ таҳлили барномаҳои омодасозии табибони оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ маъруза бахшида ба натиҷаҳои таҳлили барномаҳои амалкунандаи таълимӣ оид ба тибби оилавӣ, ки дар доираи миссияи техникии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар охири соли 2025 гузаронида шуда буд, пешниҳод гардид. Маърузаро мутахассиси техникии Бюрои минтақавии Аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба захираҳои кадрии соҳаи тандурустӣ доктор Сулакшана Нандӣ ва мутахассис оид ба масъалаҳои тандурустии ҷамъиятии Дафтари намояндагии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Маҳмудова муаррифӣ намуданд.

Ба иштирокчиён натиҷаҳои асосии таҳлили барномаҳои амалкунандаи таълимӣ оид ба тибби оилавӣ, аз ҷумла барномаҳои ординатураи клиникӣ, бозомӯзии касбӣ, такмили ихтисос ва омодасозии омӯзгорон (ToT) пешниҳод карда шуданд. Ҳамзамон хулосаҳои асосӣ, мушкилот ва имкониятҳои такмили низоми омодасозии кадрҳо, инчунин қадамҳои минбаъда оид ба татбиқи тавсияҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ аз ҷониби муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор аҳамияти такмили минбаъдаи низоми омодасозии табибони оилавиро таъкид гардида, қадамҳои навбатиро муайян карда шуд. Аз ҷумла, таъсиси гурӯҳи корӣ, таҳия ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили барномаҳои таълимӣ ва низоми омодасозии табибони оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

 

                                               

Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ


21.07.2026 7

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php