ВОХӮРИИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ БО САРДОРОНИ ГУРӮҲҲО ВА ПАТОКҲОИ КУРСИ ЯКУМ
19 октябри соли равон бо ташаббуси декани факултети тиббӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Саидзода Б.И. ва муовинони декан бо сардорони гурӯҳҳо, патокҳо ва сардорони курси якум вохӯрӣ баргузор гардид.
Мақсади асосии вохӯрӣ шиносоии наздик бо донишҷӯён, баррасии масъалаҳои мубрами раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани масъулияти онҳо дар таҳсил буд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои беҳтар намудани сифати таълим, риояи давомоти донишҷӯён, пӯшидани сару либоси тавсиявӣ, сари вақт бартараф намудани сабабҳои дарсгурезӣ ва баланд бардоштани сатҳи тарбияи ахлоқии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, оид ба тартиб ва қоидаҳои супоридани санҷиши фосилавии якум, риояи одоби муошират ва рафтори намунавӣ дар раванди санҷиш ба донишҷӯён шарҳу тавзеҳот дода шуд. Таъкид гардид, ки донишҷӯён бояд талаботи муқарраршударо риоя намуда, бо масъулиятшиносӣ ва одоби баланд дар санҷиш иштирок намоянд.
Инчунин, ба масъалаҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ, роҳ надодан ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ, инчунин оқибатҳои манфии чунин амалҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Декани факултет, профессор Саидзода Б.И., зимни суханронии худ бартариҳои бо баҳои хубу аъло таҳсил намудан, азхудкунии амиқи донишҳои назариявӣ ва амалии тиббӣ, инчунин нақши донишҷӯёни фаъолу пешқадамро дар баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ таъкид намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ донишҷӯён фикру андеша, саволу пешниҳод ва масъалаҳои мавҷудаи худро иброз доштанд. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои пешниҳодшуда таъкид намуданд.
САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ