ВОХӮРИИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ БО ДОНИШҶӮЁН
Санаи 18-уми ноябр дар толори калони бинои асосӣ вохурии декани факултети тиббӣ д.и.т., Саидзода Б.И. бо донишҷӯёни курсҳои аз 1 то 6 баргузор гардид. Ҳадафи асосии вохӯрӣ ин пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ, муқовимат бо гуруҳҳои террористӣ ва пеша кардани фарҳанги бегонапарастӣ ва баланд бардоштанӣ руҳияи худшиносию худогоҳии ҷавонон буд.
Дар рафти вохурӣ дар масъалаи истифодаи оқилонаи шабакаҳои интернетӣ огоҳӣ намуда, аз донишҷӯён даъват карданд, ки фирертаи ҳаргуна равандҳои тунди ифротгароӣ нагарданд. Зимни суханронӣ декани факултет якчанд масъалаҳои дигари мубрами рузро ба монанди муқовимат бо коррупсия, таълиму тарбия, давомот ва интизоми намунавии донишҷӯёнро мавриди баррасӣ қарор дод.
Инчунин таъкид намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи масъулиятнокӣ, дарки сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқи ҳамидаи табибии донишҷӯён бояд ҳамеша корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ гузаронида шавад. Баъдан оиди омодагии донишҷӯён ба рейтингу имтиҳонҳо ва саривақт супоридани шартномаи таҳсил ёдраси намуданд. Ба ҳамаи донишҷӯён таъкид карданд, ки ғоибҳои худро саривақт дар кафедраҳо сабақгардони намоянд. Зеро сабаби асосии хориҷ шудани бисёре аз донишҷӯён аз сафи доншҷӯёни донишгоҳ ин давомоти нокифоя мебошад.
САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ