ВОХӮРИҲОИ ТАРБИЯВӢ БО ДОНИШҶӮЁН ДАР КАФЕДРАҲОИ КЛИНИКӢ

ВОХӮРИҲОИ ТАРБИЯВӢ БО ДОНИШҶӮЁН ДАР КАФЕДРАҲОИ КЛИНИКӢ

Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими корҳои тарбиявию маърифатӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии донишҷӯён масъулини шуъбаи кор бо ҷавонон дар кафедраҳои клиникии Донишгоҳ бо донишҷӯён вохӯриҳои судманд баргузор намуданд.

Зимни вохӯриҳо масъалаҳои риояи қоидаҳои тартиботи дохилидонишгоҳӣ, интизоми таълимӣ, фарҳанги муошират, масъулияти донишҷӯён дар раванди таҳсил, пешгирии бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Масъулини шуъба таъкид намуданд, ки донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ ҳамчун табибони оянда бояд на танҳо соҳиби дониши амиқи касбӣ бошанд, балки бо рафтори намунавӣ, ахлоқи ҳамида, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар ҷомеа мавқеи шоиста дошта бошанд. Риояи интизоми таълимӣ, иштироки фаъолона дар машғулиятҳои назариявию амалӣ, муносибати эҳтиромона бо омӯзгорон, кормандони муассисаҳои табобатӣ ва беморон аз ҷумлаи талаботи муҳими омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон, таваҷҷуҳи донишҷӯён ба масъалаи пешгирии бегонапарастӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёгон ҷалб карда шуд. Қайд гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷавонон бояд дорои ҷаҳонбинии васеъ, тафаккури интиқодӣ ва маърифати баланди сиёсиву фарҳангӣ бошанд, то тавонанд арзишҳои созандаи ҷомеаи муосирро аз зуҳуроти номатлуб фарқ намоянд.

Дар идомаи суҳбатҳо ба масъалаи донишандӯзӣ ва истифодаи самараноки вақти таҳсил таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки азхудкунии донишҳои муосири тиббӣ, омузиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияҳои навин ва пайваста такмил додани малакаҳои касбӣ заминаи асосии ташаккули табибони соҳибмаърифат ва рақобатпазир ба ҳисоб меравад.

Дар фарҷоми вохӯриҳо донишҷӯён ба риояи талаботи Оиннома ва қоидаҳои тартиботи дохилии Донишгоҳ, таҳкими интизоми таълимӣ, баланд бардоштани масъулияти шахсӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти илмиву ҷамъиятӣ ҳидоят карда шуданд.

Баргузории чунин вохӯриҳои тарбиявию маърифатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ буда, ба ташаккули шахсияти донишҷӯён, таҳкими худшиносии миллӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва омода намудани мутахассисони дорои донишу ахлоқи баланди касбӣ мусоидат менамояд.

ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОН


27.10.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php