ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ 2-И ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
26 феврали соли 2026 дар бинои МОМА (ошёнаи 4) тибқи нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯёни факултети тиббӣ оид ба шарҳу тавзеҳи мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ бо донишҷӯёни курси 2 баргузор гардид.
Ҳадафи чорабини баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, масъулиятшиносӣ ва дарки дурусти самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ буд.
Муовини декан Давлятов И.А. бо маърузаи таҳти унвони
«Рушди маориф ва тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеаро муайян менамояд. Дар он масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, такмили низоми омодасозии кадрҳо, рушди илм ва таҳкими соҳаи тандурустӣ ҷойгоҳи марказӣ доранд.
Қайд карда шуд, ки баланд бардоштани сифати таҳсилот омили муҳими рушди устувори кишвар буда, муассисаҳои таҳсилоти олӣ вазифадоранд мутахассисони рақобатпазир омода намоянд. Ҳамзамон ба рушди соҳаи тандурустӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ташхисиву табобатӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони тиб таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Инчунин таъкид шуд, ки ҳамгироии илм, маориф ва тандурустӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ, инчунин тарбияи насли худшиносу ватандӯст аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи донишгоҳӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идома декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор Саидзода Б.И. суханронӣ намуда, аҳамияти Паёми Пешвои миллатро дар рушду такомули соҳаҳои маориф ва тандурустӣ таъкид кард.
Мавсуф донишҷӯёнро ба масъулияти баланд дар донишандӯзӣ даъват намуда, зикр намуд, ки касби тиб масъулияти бузург дошта, ҳар як донишҷӯ бояд худро барои хизмати содиқона ба ҷомеа омода созад.
Ҳамзамон ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд:
1. риояи интизом ва фарҳанги донишҷӯӣ;
2. эҳтиром ба устодон ва ҳамдигар;
3. риояи талаботи дохилии донишгоҳ ва меъёрҳои либоспӯшӣ;
4. сари вақт пардохт намудани маблағи таҳсил аз ҷониби донишҷӯёни шартномавӣ;
5. пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва таҳкими зиракии сиёсӣ;
6. иштироки фаъолонаи донишҷӯён, бахусус донишҷӯдухтарон, дар роҳпаймоиҳо ва чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии давлатӣ.
Таъкид гардид, ки татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти рушди илм, истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ вазифаи муҳими ҳар як омӯзгор ва донишҷӯ мебошад.
Вохӯрӣ дар фазои созанда ва судманд баргузор гардида, донишҷӯён доир ба мазмуну мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал гирифтанд. Таъкид гардид, ки иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҳар яки мо масъулияти баланд, садоқат ба Ватан ва фаъолияти босамарро талаб менамояд.
САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ