ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ
Дар Донишгоҳ Сино бо иштироки сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Маҳмадализода Ф. Н. ва донишҷӯёни факултети тиббӣ вохӯрии иттилоотию маърифатӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими марбут ба тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, зиракии сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон дар пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳифзи суботу амнияти ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, намояндаи лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умумии шаҳри Душанбе» дар вохӯрӣ иштирок намуда, ба донишҷӯён оид ба тарзи истифодаи низоми пардохти электронии роҳкиро, имкониятҳои он ва тартиби истифодаи хизматрасонии мазкур маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ донишҷӯён вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ва тарзи истифодаи низоми пардохти электронии роҳкиро саволҳои худро пешниҳод намуда, аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОН