Вируси норасоии масунияти одам (СПИД)
Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни сино” санаи 30-юми ноябри соли 2022 аз ҷониби н.и.т., дотсент ва куратори гурӯҳи 7-уми факултети педиатрӣ Абдуллаева Н.А. дарси кушод дар мавзӯи: “Вируси норасоии масунияти одам (СПИД)” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 3-юми факултети педиатрӣ гурӯҳҳои 1, 2, 6 ва 7-ум гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳҳои номбурда пурмазмун пешкаши ҳамагон намуданд.
Мафҳум.
Вируси норасоии масунияти одамро (ВНМО) ба оилаи вирусони иртиҷоӣ (Retroviridae), ҷинси лентивирусҳо (Lentivirus) дохил мекунанд. Номи Lentivirus аз мазмуни калимаи лотинии lente — сустӣ асос ёфтааст. Чунин номгузорӣ яке аз хусусиятҳои ин гурӯҳи вирусҳоро инъикос мекунад, аз ҷумла — суръати суст ва нобаробари инкишофёбии раванди сироятшавӣ дар макроорганизм. Барои лентивирусҳо инчунин давраи дурударози ниҳонӣ хос аст. ВНМО – аз ҳама вируси омӯхташуда дар ҷаҳон мебошад.
Пайдоиш ва кашфиёт.
ВНМО соли 1983 дар ду лабораторияи аз ҳамдигар новобаста кашф гардида шудааст:
- дар Институти Пастер дар Фаронса таҳти роҳбарии Люк Монтанье.
- дар Институти миллии бемории саратон дар ИМА таҳти роҳбарии Роберт Галло.
Натиҷаҳои таҳқиқот, ки тавассути он аз бофтаҳои беморон ҷудо кардани ретровируси нав муяссар гардид, санаи 20-уми майи соли 1983 дар маҷаллаи Science рӯйи чоп омад. Дар ин мақолаҳо дар бораи ошкор намудани вируси нав, ки ба гурӯҳи HTLV вирусҳо тааллуқ дорад, иттило дода шуд.
Ҳамасола рузи 1 декабрро ҳамчун рӯзи мубориза бар зидди ВНМО қайд менамоянд.
Рамзи ҳаракати глобалӣ
бар зидди паҳншавии вируси
норасоии масунияти одам
ин – Тасмаи сурх мебошад.
Тарзи таъсири вирус.
ВНМО ба системаи масуният осеб расонида, ҳуҷайраҳои масуниятро (CD4+, лимфоситҳо, макрофагҳо ва гайра) хароб мекунад ва боиси сустшавии системаи назорату ҳифзи организм аз сироятҳо ва баъзе намудҳои бемории саратон мегардад. Вирус ба организм роҳ ёфта, вирус ба афзоиши фаъол шурӯъ мекунад, ҳуҷайраҳо ба фоидаи вирус «кор» мекунанд, бинобар ин дар шахсони сироятшуда тадриҷан (оҳиста-оҳиста) норасоии масуният инкишоф меёбад. Ин ҳолат ба ҳассосияти барзиёда нисбати як силсилаи васеи сироятҳо ва бемориҳо оварда мерасонад, ки ба онҳо танҳо шахсони дорои масунияти солим муқовиматпазиранд.
Марҳилаи охирони сирояти ВНМО.
Мархилаи охирини сирояти ВНМО ин Бемории Пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ) мебошад, ки метавонад бо гузашти 2-15 сол вобаста ба ҳолати масунияти инсон инкишоф ёбад. Барои БПНМ инкишофи баъзе намудҳои бемории саратон, сироятҳо ва ё дигар аломатҳои вазнини клиникӣ хос аст.
Пайдошавии ВНМО дар Тоҷкистон.
Дар Тоҷикистон то соли 2008 яке аз роҳҳои паҳнгардидаи интиқолёбии вирус ин сӯзандору буд, тавассути асбобу олотҳои тамизнашудаи истифодабарандагони маводҳои нашъаовар. Айни замон афзоиши интиқоли вирус бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, тавассути алоқаҳои ҳифзнашудаи шаҳватӣ мушоҳида шудааст.
Ташхис.
Усулҳои асосии асосии ташхиси ВНМО инхо мебошанд.
Таҳлили биохимиявии хун.
Таҳлил умумии хун.
Дар таҳлили биёхимиявии хун баландшавии АЛТ ва АСТ ба қайд гирифта мешавад.
Дар таҳлили умумии хун бошад, миқдори лимфоситҳо (лимфопения), камхӯнӣ, кам шудани тромбоситҳо ва зиёдшавии эозинафилҳо мушоҳида карда мешавад.
Роҳҳои гузариш.
Таввасути хун ва дигар моеъҳои организм.
Таввасути алоқаи ҷинсии ҳифзнашуда.
Таввасути асбобҳои ҷарроҳӣ.
Таввасути шири модар ба кӯдак.
Таввасути сузандоруҳои таъмизнашуда.
ВНМО интиқол намеёбад.
Тавассути оби даҳон ва арақи бадан; бо роҳи дастфишурӣ ва дигар алоқаҳои рӯзмарра: оғушгирӣ, сӯҳбат, сулфа, атсазанӣ; тавассути нешзании ҳашарот ва газидани ҳайвонот; тавассути ашёи маишӣ ва молҳои канселярӣ; ҳангоми ташрифи якҷоя ба ҳавзи шиноварӣ, душ, ҳаммом, ошхона, ҳангоми истифодабари аз нақлиёти ҷамъиятӣ ва истеъмоли якҷояи хурок сироят намекунад.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона.