ВАТАН САР МЕШАВАД АЗ ГАҲВОРА

 ВАТАН САР МЕШАВАД АЗ ГАҲВОРА

         Таҳти чунин унвон дар кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколоидӣ чорабинии маърифатӣ тарбиявӣ гузаронида шуд. Ҳадафи баргузории чорабинӣ дар замири донишҷӯён бедор намудани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ буда, бо ҳамин васила ташвиқу тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар байни насли ҷавон мебошад. Дар чорабинӣ донишҷӯён дар васфи Тоҷикистон маърӯзаҳо ироа намуда, шеърҳо қироат карданд.

        Ҳамзамон, дар чорабинӣ аз ҷониби омӯзгорон вобаста ба вазъи печидаи ҷаҳони муосир, хатарҳои рӯзафзуни терроризму экстремизм ба амнияти сайёра, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ, хурофотгароӣ ва пайдо гардидани ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ маълумотҳои дақиқ пешниҳод гардида, донишҷӯён ба саволои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

                                 

Кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ. 

 
09.10.2024 1438

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php