ВАЛЕРИЙ ВОСКОБОЙНИКОВ ВА КАШФИ ДУБОРАИ СИМОИ ИБНИ СИНО

ВАЛЕРИЙ ВОСКОБОЙНИКОВ ВА КАШФИ ДУБОРАИ СИМОИ ИБНИ СИНО

Дар адабиёти муосири рус кам нестанд нависандагоне, ки барои муаррифии чеҳраҳои бузурги таърихӣ ва фарҳангии халқҳои ҷаҳон саҳми арзанда гузоштаанд. Дар миёни онҳо номи нависанда ва публитсисти маъруфи рус Валерий Воскобойников ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ дар асари худ «Ҳакими бузург» на танҳо зиндагиномаи Абуалӣ ибни Синоро нақл мекунад, балки симои ин нобиғаи ҷаҳониро аз дидгоҳи илмӣ, таърихӣ ва инсонӣ бозофарӣ намуда, хонандаро бо муҳити сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии даврони ӯ ошно месозад.

Асари В. Воскобойниковро метавон як навъ «кашфи дубораи» симои Ибни Сино барои хонандаи муосир номид. Муаллиф қаҳрамони худро танҳо ҳамчун табиб муаррифӣ намекунад, балки ӯро ҳамчун шахсияти фарогир ва энсиклопедӣ нишон медиҳад. Ба андешаи нависанда, Ибни Сино шифокори бузург, мунаҷҷим, риёзидон, шоир, мусиқишинос ва файласуф буд, ки дар тамоми ин самтҳо осори арзишманд аз худ ба мерос гузоштааст. Ин арзёбӣ воқеияти таърихиро инъикос мекунад, зеро мероси илмии Сино то имрӯз дар рушди тиб, фалсафа ва дигар соҳаҳои дониш аҳамияти худро нигоҳ доштааст.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими асар таваҷҷуҳи муаллиф ба решаҳои хонаводагии донишманд мебошад. В. Воскобойников зиндагиномаи падари Ибни Сино - Абдуллоро низ бо тафсил шарҳ медиҳад. Ба навиштаи ӯ, Абдулло аз шаҳри Балх ба Бухоро (ҳар ду шаҳрҳо-марказҳои тамаддуни тоиҷкон буданд М. Ш.) кӯчида, дар дастгоҳи давлатии давлати Сомониён ба кор пардохт. Дар ҳамин ҷо ӯ бо Ситорабону издивоҷ намуда, соҳиби фарзанде гардид, ки баъдан яке аз бузургтарин чеҳраҳои тамаддуни башарӣ шуд. Ин маълумот нишон медиҳад, ки муҳити фарҳангӣ ва маърифатпарвари давлати Сомониён барои ташаккули ояндаи Ибни Сино заминаи мусоид фароҳам оварда буд.

Муаллиф ба масъалаи таълиму тарбияи Ибни Сино низ диққати махсус медиҳад. Ӯ нишон медиҳад, ки чӣ гуна истеъдоди фавқулодаи кӯдак аз ҷониби донишмандон ва омузгорони замон ба зудӣ мушоҳида гардид. Дар асар таъкид мешавад, ки Ибни Сино нахуст аз табиби машҳур Нотилӣ дониш омӯхта, баъдан аз суҳбат ва роҳнамоии донишманди маъруф Абӯсаҳли Масеҳӣ баҳра бардошт. Маҳз ҳамин муҳити илмӣ ва иртибот бо олимони барҷаста ҷаҳонбинии ӯро ташаккул дода, заминаи пешрафти минбаъдаи илмии ӯро фароҳам сохт.

Дар таҳлили Воскобойников В. яке аз масъалаҳои муҳими таърихӣ ин суқути давлати Сомониён низ ҷойгоҳи назаррас дорад. Муаллиф нишон медиҳад, ки таназзули ин давлат на танҳо тағйироти сиёсӣ, балки зарбаи ҷиддӣ ба рушди илм ва фарҳанг низ буд. Давлати Сомониён аз ҷумлаи давлатҳое ба шумор мерафт, ки ба илму маърифат арҷи баланд мегузошт. Ҳокимони он худ аз аҳли дониш буданд ва барои фаъолияти олимон шароити мусоид муҳайё мекарданд. Аммо баъди аз байн рафтани ин давлат вазъият тағйир ёфт. Ба ҷойи онҳо қувваҳое ба сари қудрат омаданд, ки аз маърифат ва илм дур буда, арзиши донишро камтар аз сарват ва ғанимат медонистанд. Дар натиҷа бисёр олимон ва донишмандон пароканда шуданд ва марказҳои илмии пешина рӯ ба таназзул оварданд.

Маҳз ҳамин дигаргуниҳои сиёсӣ оғози давраи душвори ҳаёти Ибни Сино гардиданд. Воскобойников ба таври воқеъбинона нишон медиҳад, ки нобиғаи ҷавон маҷбур шуд барои идомаи фаъолияти илмии худ ҷойҳои гуногунро иваз намояд. Ӯ муддате дар Хоразм зиндагӣ карда, дар дарбори Маъмуни Хоразмшоҳ фаъолият бурд. Ин давра аз ҷумлаи марҳилаҳои пурмаҳсули фаъолияти илмии ӯ маҳсуб мешавад. Маҳз дар ҳамин муҳит Ибни Сино бо донишманди дигари бузурги Шарқ Абурайҳони Берунӣ аз наздик шинос шуда, мубодилаи афкор намуд. Ҳамкории ин ду нобиға яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи илми ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Аммо оромии Хоразм низ дер давом накард. Бо даъвати ҳокими пуриқтидори Ғазна Маҳмуди Ғазнавӣ барои ба дарбор овардани Ибни Сино, Берунӣ ва дигар олимон, марҳилаи нави саргардонии донишманд оғоз гардид. В. Воскобойников ин давраро ҳамчун имтиҳони бузурги ҳаётӣ барои Ибни Сино тасвир мекунад. Ӯ маҷбур шуд аз як минтақа ба минтақаи дигар кӯч баста, барои ҳифзи озодӣ ва идомаи фаъолияти илмии худ мубориза барад.

Дар идомаи асар зиндагии Ибни Сино дар Ҳамадон ва Исфаҳон низ бо ҷузъиёти ҷолиб тасвир шудааст. Ӯ дар дарбори амири Ҳамадон Шамсуддавла ба фаъолият пардохта, баъдан ба хизмати Аловуддавла гузашт. Бо вуҷуди мушкилоти сиёсӣ, дасисаҳои дарборӣ ва нобасомониҳои замон, Ибни Сино аз фаъолияти илмӣ бознаистод ва маҳз дар ҳамин солҳои душвор бисёре аз асарҳои мондагори худро таълиф намуд.

Воскобойников ҳаёти донишмандро ҳамчун намунаи устуворӣ, ирода ва садоқат ба илм нишон медиҳад. Ба андешаи ӯ, бузургии Ибни Сино танҳо дар истеъдоди фавқулодааш набуд, балки дар он зоҳир мегардид, ки ӯ ҳатто дар шароити бесуботии сиёсӣ ва муҳоҷиратҳои пайдарпай низ аз роҳи илм ва маърифат дур нашуд.

Соли 1037 Ибни Сино пас аз зиндагии пурмашаққат ва ҳамзамон пурбори илмӣ аз олам чашм пӯшид. Аммо тавре ки В. Воскобойников таъкид мекунад, марги ҷисмонӣ натавонист номи ӯро аз хотираи инсоният маҳв созад. Осори илмӣ ва фалсафии ӯ садсолаҳо боз ба рушди тамаддуни ҷаҳонӣ хизмат мекунад.

Хулоса, китоби «Ҳакими бузург»-и Валерий Воскобойников на танҳо як асари тарҷумаиҳолӣ, балки таҳқиқи амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад. Муаллиф тавонистааст симои ҳақиқии Абуалӣ ибни Синоро ҳамчун фарзанди муҳити маърифатпарвари Сомониёни тоҷиктабор, донишманди ҷаҳонӣ ва муборизи роҳи илм барои хонандаи имрӯз бозофарӣ намояд. Аз ин ҷиҳат, асарро метавон саҳми арзишманд дар шинохт ва муаррифии мероси гаронбаҳои Ибни Сино ва тамаддуни тоҷикон арзёбӣ кард.

Матинов Ш. Қ.-сардори шуъбаи таҷрибаомузӣ


03.06.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php