ВАҲДАТИМИЛЛӢ –ПОЯИ СУБОТ ВА ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛӢ

ВАҲДАТИМИЛЛӢ –ПОЯИ СУБОТ ВА ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛӢ

27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ боҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ ба даст наомадааст.

Баъди аз ҳам пошхӯрии ИттиҳодиШӯравӣ Чумҳурии мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Вале, мутаасифона, мо – тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ қарор доштем, дар аввал натавонистем, ки неъмати бузурги Истиқлолро ба манфиати халқу давлати худ бо самар истифода барем.

Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт: давлати навакак тозаистиқлол ва миллатро нигоҳ доштан ва ё парокандагии ҳам ину ҳам он. Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дили пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.

Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад.

Қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳам арҷ зам намояд. Дар ин хусус Сардори давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт. Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид.»

Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.

Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Эмомалӣ Раҳмон истодааст, аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қарор гирифта аст.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлоли ватани азизамон барои сарҷамъ намудани миллати дар холи парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.
Ваҳдати миллӣ маънои ҳамдигарфаҳмӣ, якдилӣ ва ҳамбастагии тамоми табақаҳои ҷомеаро дорад, новобаста аз миллат, мазҳаб ва мавқеи иҷтимоӣ. Он кафолат медиҳад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа барои расидан ба ҳадафи ободии Ватан ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ - иқтисодӣ муттаҳид шаванд.  

Бо расидан ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки он 27-уми июн муқаррар шудааст, ҳар сол мардуми Тоҷикистон ин рӯзи муборакро дар сарнавишти миллати тоҷик таҳлил мекунанд. Ин рӯз натанҳо як ҷашни расмӣ, балки рамзи истиқлол, оромӣ ва ояндасозии миллат аст. Ваҳдати миллӣ шароит фароҳам овард, ки ҷомеа аз вартаи нобудӣ раҳо ёбад ва ба сӯи рушди устувор қадам гузорад.

Суботи сиёсӣ ва амниятии кишвар, ки маҳз дар заминаи ваҳдати миллӣ таъмин шуда аст, шароити мусоидро барои ҷалби сармоя, иҷрои лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва пешрафти соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ муҳайё намуд. Имрӯз Тоҷикистон тавонистааст дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор созад ва ҳамчун кишвари сулҳпарвар шинохта шавад.

Насли ҷавон, ки дар фазои сулҳу субот ва Истиқлол ба камол мерасанд, бояд масъулияти ҳифз ва тақвияти ваҳдати миллиро ҳамчун амри виҷдон ва қарзи шаҳрвандӣ дарк намоянд. Мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма дар таблиғу ташвиқи арзишҳои ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ нақши муҳим доранд.

Ваҳдати миллӣ дарТоҷикистон танҳо як шиор нест, балки воқеияти таърихӣ ва заминаи асосии ҳаёти осоиштаву пешрафта мебошад. Маҳз ваҳдат буд, ки моро аз санҷишҳои сахти таърих гузаронд ва ба даврони шукуфоӣ овард. Пас, вазифаи ҳар як шаҳрванди бедордилу ватанпарвар аст, ки ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд ва барои таҳкими он саҳмгузор бошад.

Ҳамин тавр, ваҳдати миллӣ ҳамчун рукни асосии суботи сиёсӣ ва оромии иҷтимоӣ яке аз омилҳои калидӣ дар пешрафти ҳар як ҷомеа ба шумор меравад. Дар ҶумҳурииТоҷикистон, ваҳдати миллӣ на танҳо рамзи сулҳ, балки таҳкурсии воқеии рушди устувори кишвар ва омили таҳкими давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Бидуни ваҳдати миллӣ, ҳеҷ як ҷомеа наметавонад ба суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва муваффақияти иҷтимоӣ ноил гардад. Таҷрибаи Тоҷикистон собит кард, ки ягонагӣ ва иттифоқи миллат тавонист онро аз буҳрони шадид наҷот диҳад ва ба марҳилаи нави рушди устувор ворид намояд. Ваҳдат на танҳо як арзиш, балки асоси пешрафти Тоҷикистон аст, ки бояд ҳамеша ҳифз шавад ва ба наслҳои оянда ҳамчун муқаддасот мерос монад.          

Агар мо хоҳони он бошем, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҷойи сазовори худро дарёбем ва ҷаҳониёнморо ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддуни бузург бишносанд, пас биёед иттиҳоду ваҳдати миллатро пешаи худ қарор диҳем ва сулҳу оштиро пойдор нигаҳ дорем. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар иттиҳоду ваҳдат аст.

 

Холиков М.Ф. -ассистенти кафедраи биохимия                                              


29.06.2026 8

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php