ВАҲДАТИ МО МЕВАИ ИСТИҚЛОЛ АСТ!

ВАҲДАТИ МО МЕВАИ ИСТИҚЛОЛ АСТ!

Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки давлатҳои хурди дунёро ҳар лаҳза хатаре таҳдид менамояд, мардуми Тоҷикистонро зарур аст сиёсати пешбарандаи давлату Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, нерӯи пешбарандаи ҷамъият ва ояндасози миллат - ҷавононро ба  роҳи дуруст ҳидоят ва дар қалби эшон зиракии сиёсӣ, эҳсоси миллӣ, ҳисси ватандориву ватандӯстиро бедор созанд. Ҳамгироии фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳон, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ моро ҳушдор медиҳад, ки ба равандҳои манфии ҷаҳонишавӣ дуруст баҳо диҳем, табиати вайронкоронаи онро омӯзем, то  амнияти иқтисодии Ватанамонро таъмин карда тавонем. Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи бою кӯҳан, фарҳанги пурғановат, ёдгориҳои муҳимму арзишманд ва ҳазорҳо неъмати нотакрору бебаҳо дорад ва аз ин рӯ,ё ҳар давлати абарқудратро дорои чунин минтақаи стратегӣ будан писанд аст. Дар кишвари тозаистиқлоли мо, ки ваҳдату ягонагӣ ҳукмфармост, баҳри амалӣ намудани ормонҳои чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон, заминаи мусоид фароҳам омадааст.

Таърихи се даҳаи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фарогири айёми мудҳиши даргириҳо дар оташи ҷанги бемантиқи дохилӣ ва муваффақ шудан ба сулҳи пойдору Ваҳдати миллист, ба маънои томаш мактаби бузургу нотакрори давлатсозию давлатдорӣ ва эҳсоси хештаншиносиву худогоҳии миллӣ мебошад. Тавассути ин дастовардҳо Тоҷикистони азизамон тавонист худро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари нодиру сулҳофар муаррифӣ намояд. Миллати озодихоҳу озодипарасти мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама мушкилоти мавҷударо пушти сар намуда, аз хатари нобудӣ раҳо ва ба Истиқлолияти комил ноил гардид. Маҳз бо талошу ҷонбозиҳо ва сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат халқи тоҷикро сулҳ ба даст омад.  

Мо бояд ба қадри ин дастовардҳои беназири миллӣ бирасем ва ҳамеша дар дифои давлату миллати хеш бошем, зеро бесарусомониҳое, ки солҳои охир дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон ба вуқуъ пайвастаанд, бори дигар моро водор месозанд, ки муттаҳид бошем. Чуноне ки маълум аст, баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати комил институтҳои воломақоми сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро ба хотири татбиқи он дар минтақаҳои пурхурӯҷ ва даргири олам меомӯзанд. Сарпарасти сулҳи тоҷикон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо ҳаққу ҳуқуқи комили маънавӣ роҳи ягонаи таъмини сулҳу амниятро дар кишварҳои ҷангзада, таҳаммули тарафҳои даргир ва нишастан паси мизи гуфтугӯ эълом доштаанд. Пешниҳодҳои созандаву саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевою ширини тоҷикӣ дар масъалаҳои гуногуни глобалӣ боиси ифтихори тамоми  тоҷикони ҷаҳон гаштааст.

Боиси таъкид аст, ки ба даст овардани сулҳу ваҳдатӣ миллӣ осон набуд. Хиради воло ва ҷонисориҳои миллати тоҷику Савари дурандешу хирадпешааш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо хамчун кишвари дорои фарҳанг ва анъанаҳои суннатӣ дар роҳи рушду нумӯъ ва эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ гомҳои устувор мениҳад. Мардуми шариф ва бонангу номуси тоҷик дар симои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳомӣ ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллии хешро мебинанд.

Зарипов А. Р.-н.и.т.дотсент, мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ

Таибов С. А. –муалими калони кафедраи стоматологияи ортопедӣ


26.06.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php