ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Дар таърихи ташаккули ҳар як миллат воқеаҳое ба вуқуъ меоянд, ки сарнавишти давлат ва ҷомеаро барои даҳсолаҳо муайян менамоянд. Барои халқи тоҷик чунин як рӯйдоди сарнавиштсоз ин расидан ба сулҳ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ на танҳо ҳамчун арзиши сиёсӣ, балки ҳамчун омили муҳими давлатсозӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди устувори ҷомеа аҳамияти бунёдӣ дорад. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки маҳз дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ, ризоияти миллӣ ва муттаҳидии неруҳои ҷомеа метавон давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ ва пешрафти иқтисодиро таъмин намуд.

Дар ҷаҳони муосир, ки бисёр кишварҳо бо таҳдидҳои сиёсӣ, ихтилофҳои иҷтимоӣ ва мушкилоти геополитикӣ рӯ ба рӯ мебошанд, масъалаи ваҳдати миллӣ аҳамияти хосса пайдо кардааст. Барои Тоҷикистон, ки солҳои аввали Истиқлол марҳилаи душвори ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, ваҳдат ҳамчун омили асосии наҷоти давлат ва миллат арзёбӣ мегардад. Агар дар солҳои аввали Истиқлол ихтилофоти сиёсӣ ва низоъҳои дохилӣ ба ҳастии давлат таҳдид мекарданд, пас имрӯз маҳз ваҳдати миллӣ ба сифати кафили субот ва пешрафти ҷомеа хизмат мекунад.

Дар адабиёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ мафҳуми «Ваҳдати миллӣ» ба ҳолате ишора менамояд, ки дар он гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва этникӣ дар атрофи арзишҳои умумимиллӣ муттаҳид гардида, барои ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа ҳамкорӣ мекунанд. Ҳамин аст, ки сиёсатшиносону ҷомеашиносон ваҳдати миллиро яке аз шартҳои муҳими ташаккули давлатҳои муосир маънидод мекунанд.

Аз нуқтаи назари назарияи давлатдорӣ, давлат танҳо дар ҳолате метавонад, фаъолияти босамар дошта бошад, ки байни шаҳрвандон ва сохторҳои давлатӣ эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда вуҷуд дошта бошад. Дар акси ҳол, ихтилофҳои дохилӣ метавонанд, ба заифшавии низоми сиёсӣ ва ҳатто аз байн рафтани давлат оварда расонанд. 

Таърихи инсоният мисолҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки давлатҳои дорои захираҳои бузурги иқтисодӣ ва ҳарбӣ маҳз аз сабаби набудани ваҳдати миллӣ ба буҳрон дучор шудаанд. Баръакс, кишварҳое, ки тавонистаанд манфиатҳои умумимиллиро аз манфиатҳои гурӯҳӣ боло гузоранд, ба пешрафт ва рушди устувор ноил гардидаанд.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихии худ ворид гардид. Аммо солҳои аввали Истиқлол бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳамроҳ буданд. Ихтилофҳои сиёсӣ ва рақобатҳои гурӯҳӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд, ки солҳои 1992 - 1997 идома ёфт.

Ҷанги шаҳрвандӣ барои Тоҷикистон талафоти бузурги инсонӣ ва иқтисодӣ ба бор овард. Ҳазорон нафар ҷони худро аз даст дода, садҳо ҳазор шаҳрванд муҳоҷир ё гуреза шуданд. Иншооти иқтисодӣ хароб гардида, иқтисоди миллӣ ба буҳрони амиқ рӯ ба рӯ шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дониши амиқи сиёсӣ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ шуруъ аз оғози ба сари қудрат омадан мардуми тоҷикро ба ваҳдату якдилӣ ва якмаромӣ даъват намуда, таъкид мекард, ки халқи Тоҷикистон зери як Парчам муттаҳид шаванд. Сарвари тозаинтихоби кишвар неруҳои мухолифини давлатро борҳо сари мизи музокирот даъват намуда, таъкид намуд, ки халқи тоҷик набояд ба умеди хоҷагони хориҷӣ шавад, баракс худ бояд дар суботи меҳан руҷуъ намояд. Маҳз, бо ташаббус ва кӯшишҳои роҳбарияти олии кишвар бо гурӯҳҳои мухолифин 21 маротиба музокирот анҷом дода шуда, 40 ҳуҷҷати басо муҳим ба имзо расонида шуд. Дар натиҷаи ин, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд. Ин ҳуҷҷати таърихӣ барои миллати тоҷик арзиши баланд дошта, дар заминагузории Ваҳдати миллӣ басо муҳим маҳсуб мегардад. Дар воқеъ, ин амали шоистаи таҳсини Пешвои миллат мактаби бузурги сулҳофариниро мемонад, ки дар таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бесобиқа унвон мешавад.

Яке аз натиҷаҳои муҳими ваҳдат таҳкими сохторҳои давлатӣ мебошад. Пас аз барқарор шудани сулҳ, Тоҷикистон тавонист, низоми идоракунии давлатиро такмил дода, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва қонунгузориро ба таври густурда ба роҳ монад. Қабули санадҳои муҳими ҳуқуқӣ, рушди низоми судӣ ва ѓ. аз ҷумлаи дастовардҳое мебошанд, ки дар фазои сулҳу ваҳдат имконпазир гардиданд. Илова бар ин, ваҳдати миллӣ барои баланд гардидани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат намуд. Шаҳрвандон дарк карданд, ки пешрафти давлат танҳо дар шароити субот ва ҳамдигарфаҳмӣ имкон дорад. Аз ин рӯ, фарҳанги таҳаммулпазирӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва ҳамкории созанда тадриҷан ба қисми муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ табдил ёфт.

Рушди иқтисодӣ бе суботи сиёсӣ ғайриимкон аст. Сармоягузорӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ муҳити ором ва пешгӯишавандаи сиёсиро талаб менамоянд. Пас аз барқарор гардидани сулҳ, Тоҷикистон имконият пайдо кард, ки барномаҳои рушди иқтисодиро амалӣ намояд. Дар кишвар роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо ва дигар иншооти муҳими стратегӣ сохта шуданд. Рушди соҳаи энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки байни сатҳи суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодӣ робитаи мустақим вуҷуд дорад. Ҳар қадаре ки ҷомеа муттаҳид ва устувор бошад, ҳамон қадар имкониятҳои бештар барои ҷалби сармоя ва рушди истеҳсолот фароҳам мегарданд.

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои бунёдии давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон дод, ки танҳо дар шароити сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоияти миллӣ метавон давлатро ҳифз намуда, рушди устувори онро таъмин кард. Ваҳдати миллӣ барои таҳкими сохторҳои давлатӣ, рушди иқтисодӣ, болоравии маърифати сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши таҳдидҳои нав, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва фаъолияти ҷомеа бошад. Ояндаи Тоҷикистон аз сатҳи масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва муттаҳидии шаҳрвандони он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки дар таҳкими ваҳдат, субот ва пешрафти давлат саҳми арзандаи худро гузорад.

 

Аҳрориён З.А.-муовини ректор оид ба тарбия


22.06.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php