ТУҲФАҲОИ ИДОНА БА КӮДАКОНИ БЕМОР БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН
Санаи 29 майи соли 2026 муаллимони кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1 дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни курси 4-уми факултети тибббӣ (гурӯҳҳои 25-32) бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон ба аёдати кӯдакони бистарибудаи шуъбаҳои септикӣ, дил ва тарбод, кӯдакони камвазн, модар ва кӯдак, асаб ва наҷот рафта, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
Ҳадафи баргузории ин иқдоми хайриявӣ болидарӯҳ намудани кӯдакони бемор, тақвияти эҳсоси ғамхорӣ ва ҷалби таваҷҷуҳ ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакон мебошад.
Иштирокчиёни чорабинӣ зимни мулоқот ба кӯдакон орзуҳои неку саломатӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳифзи кӯдакон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои рушду тарбияи онҳо аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, ба кӯдакон ва волидони онҳо рӯҳияи идона бахшид.