ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!
Санаи 24.11.2026 дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи “Умари Хайём” маросими бошукуҳи ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» баргузор гардид.
Дар доираи ин чорабинии муҳими фарҳангӣ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо маҳорати баланди эҷодӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори натиҷаҳои назаррас гардиданд.
Тибқи натиҷаҳои ҷамъбастии озмун, аз рӯи номинатсияи «Эҷоди шеъри беҳтарин» Бурҳонова Гулрӯ, донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ, бо пешниҳоди шеъри пурмуҳтаво ва мазмуни баланд сазовори ҷойи якум гардид. Инчунин, Абдураҳимова Шоира, донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ, аз рӯйи номинатсияи “Қироати шеъри беҳтарин” ҷойи сеюмро ишғол намуд.
Ин муваффақиятҳо далели равшани сатҳи баланди маърифат, завқи эҷодӣ ва иштироки фаъоли донишҷӯёни Донишгоҳ дар озмунҳои фарҳангӣ ва маънавӣ ба ҳисоб мераванд.
Раёсат, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандону донишҷӯён ғолибонро бо ин дастоварди шоиста самимона табрик намуда, ба онҳо дар роҳи таҳсил, фаъолияти эҷодӣ ва фатҳи қуллаҳои нави муваффақият комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоянд.
Шуъбаи тарбия