ТЕРРОРИЗМ – ВАБОИ АСР
Терроризм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангину зулмовар ба ҳисоб рафта, ҳадафи он пароканда кардани якпорчагии давлату миллат ва қатлу куштор буда, саркардагони он бо ин роҳ хостгори ҳокимияти мутлақ барои амалигардонии мақсаду ниятҳои нопоки худ мебошанд. Дар замони муосир ин падида аз ҷониби гурӯҳҳои гуногун боистифода аз номҳои исломӣ, ба монанди Давлати Исломӣ, Ҷабҳат-а-нусра, ал-Қоида ва ғайра ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Чунин гурӯҳҳо нерӯи ҷисмонии худро аз ҳисоби ҷавонони берун аз таҳсилу илм, дур аз тарбияи падару модар монда ва надоштани таълимоти кофӣ дар бораи дину оини хеш ташкил медиҳад, ки фикри ба осони ба даст овардани пулу моли безаҳмат ба доми манфиатҷӯёни муғриз меафтанд. Надоштани иттилои кофӣ инсонро ба ҷараёну ҳаракатҳои террористӣ мебарад. Чунин раванд дар охири асри XX ва авали асри XXI ба авҷи баланди худ расидааст, ки боиси нигаронии мардуми тамоми ҷаҳон гардидаст. Ҳодисаҳои ваҳшиёнае, ки созмонҳои террористӣ анҷом медиҳанд, дар баробари талафот ёфтани нафарони зиёди бегуноҳ, инчунин, фарҳанг ва арзишҳои таърихӣ ва дастовардҳои муҳимми инсонӣ вайрону валангор гардидаанд. Аз ҷониби чунин созмонҳои террористӣ дар кишварҳои шарқи исломӣ, ба монанди Сурияву Ироқ, Тунису Яман ва Нигерия мардум ба кулбори азобу ранҷ, қатлу куштор ва фавти мардуми оддӣ, ки шумораи зиёди онҳоро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд, гирифторанд. Чунин амалҳои террористӣ боиси дур мондан аз таҳсили наврасону ҷавонон, беаҳамият ва беқадр шудани ҳуқуқҳои инсон гаштааст. Беқадриву беаҳамиятӣ ва ҳимоя нашудани ҳуқуқҳои мардум дар зери ин кулфати бедодгар онҳоро сарсону саргардон сохтааст. Дар зери зулму ситами чунин созмонҳои террористӣ механизмҳои давлатии ҳимояи ҳуқуқи инсон иҷрои фаъолияти муътадили худро аз даст дода, ҳимояи ҳуқуқҳои шарҳвандони худро ба ҷо оварда наметавонад, ки ин сабаби тарк намудани шаҳрвандони зиёд аз давлати худ гаштааст. Умуман, дар давлатҳое, ки созмонҳои террористӣ арзи ҳастӣ доранд ва барои амали гардонидани мақсадҳои нопокашон ҳаракатҳои террористиро анҷом медиҳанд, ҳуқуқҳои инсон пурра поймолгардида, эътироф намешаванд ва дар назди чунин гурӯҳҳо ҳеҷ аҳамияте надорад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, чунин иброз менамоянд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Имрӯз, омӯзгорон ва падару модарон вазифадор мебошанд, ки диққати наврасону ҷавононро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, онҳоро дар руҳияи донишомӯзиву хештаншиносӣ, меҳанпарастиву ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намоянд, чунки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст ва қувваи асосии зиндаи онро ҷавонон ва наврасони дур аз таълим ташкил медиҳад. Ҷомеаи шаҳрвандиро мебояд дар муқобили ғояҳои терроризм ғояҳои инсондӯстӣ гузошта, ба муқобили он мубориза бурда, истодагарӣ намоянд. Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди терроризмро дар давлати мо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунгузорӣ ташкил медиҳад ва мақсади он пеш аз ҳама, риоя кардан ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд мебошад.
Ҳамин тавр, наврасону ҷавонон хирадро пеш гиранд, донишу илм андӯзанд, аз тақлидҳои кӯр-кӯронаи фарҳанги бегона дур бошанд, дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд, хатман барои Ватану миллат хизмати садоқатмандона менамоянд.
Касирова С.Ҳ., Раҷабов Р. Р.
омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳ