ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР

«…терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». 

Эмомалӣ Раҳмон.

         Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Ин омилҳои хатарҳо, ки ҳамарӯза дар ҳаёти инсоният чун заҳрпечак арзи вуҷуд карда истодааст саркардагони онҳо саъю талош менамоянд, ки нақшаҳои ифротонаи хешро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм бар сари ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намуда бо ин васила инсонҳоро ба худ тобеъ сохта, гурӯҳҳои муташакилонаи худро афзун созанд.

       Имрӯз яке аз мушкилотҳои пурхатаре, ки ҷомеаи башариятро сахт ба ташвиш гузоштааст, ин падидаҳои номатлуб аз қабили ҳар лаҳзаву замон ва бо ақидаҳои мухталиф рӯйи кор омадани гурӯҳҳои носозгори террористӣ, экстремистӣ ва ифротгароӣ мебошанд.

         Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ маънои терроризм чунин фаҳмишро доро аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари маргро ба миён меоварад, истифодаи он ба мақсадҳои зарари ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсирот барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

         Мувофиқи гуфтаҳои коршиносону таҳқиқгарон терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ, бахусус тероризми диние, ки ба таври сунъӣ бо дасти абарқудратон созмон ёфтааст, бо мақсади пиёдасозии манфиат ва сиёсати онҳо роҳандозӣ гардидааст. Яке аз василаву роҳҳои аслии то ин дараҷа қувваву қудрати бузургро ба даст овардани ин вабои замон, тариқи иттилоот муаррифӣ шудани тахайюлоти бофтаи онҳо мебошад, ки гӯё хизмат ба дин менамоянду, вале дар асл чуз қатлу куштори ваҳшиёнаи сокинони осоишта ва амалисозии барномаҳои хоҷагони пасипардагии онҳо дигар чизе нест. Имрузҳо мақомоти амниятии кишварҳо аз паи пешгирии роҳҳои вусъатёбиву инкишофи гуруҳҳои терористӣ бо мақсади тамоман аз байн бурдани ин мушкилоти глобалӣ талош меварзанд. Яке аз василаҳои аслии ба шикаст рӯ ба рӯ намудани созмонҳои терористӣ, ин аз байн бурдани роҳҳои таблиғотии он буда, дар ин самт садҳо сомонаи интернетии таблиғотии гурӯҳҳои терористӣ ошкор ва қисме аз онҳо бекор карда шудаанд. Қисми дигари чунин сахифаҳои таблиғотии ифротгароёна зери назорати қатъӣ қарор гирифтаанд. Ба андешаи мо чунин амалҳои сулҳҷуёна гурӯҳҳои терористиву экстремистиро ба шикасти ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард.

         Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

         Тероризм ё худ ваҳшатафканӣ ифродгароиест, ки ба марзинаҳои худ расидааст. Ҳар ду низ боиси аз байн рафтани субботу оромӣ ва ҳусни тафаҳҳум миёни гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ ва мазҳабӣ ва ғайраро дорад. Аслан калимаи «экстремизм» бо як сухан «моҷаро»-ро ифода кардааст ва экстремизмро ба маънои моҷароҷӯй низ ифода мекунанд. Агар мо сари калимаи экстримизми динӣ андеша кунем, пас равшан мегардад, ки шахсият ва гурӯҳҳои маълум мехоҳанд ба истифодаи ангезаҳои динию руҳонӣ дар ҷомеа моҷаро бардоранд. Аз ин боиси имрӯз таъбири «экстремизми динӣ» зуд-зуд вирди забони сиёсатмадоронӣ олам мешаванд. Инчунин дар ҷаҳони муосир боз як зуҳуроти нохуше рӯй мезанад, ки дар замони байналмиллалӣ терроризм меноманд.
         Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
         Аз ин сабабҳои воқеъи ба мо - шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Идиева О.М.-ассистенти кафедраи анатомияи паталогӣ


11.05.2026 8

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php