ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ХАТАРИ ГЛОБАЛӢ
Дар шароити ҷаҳонишавии босуръат, густариши технологияҳои иттилоотӣ ва афзоиши равобити сиёсиву иқтисодӣ миёни давлатҳо масъалаи амният аҳамияти хоса касб намудааст. Яке аз падидаҳои нигаронкунандае, ки имрӯз ба суботу оромии ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд, терроризм ва экстремизм мебошад. Ин зуҳурот на танҳо амнияти миллӣ, балки арзишҳои умумибашарӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди устувори иқтисодӣ ва ҳамзистии осоиштаи миллатҳоро зери хатар қарор медиҳанд. Терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаҳои мураккаби иҷтимоиву сиёсӣ дорои решаҳои гуногун буда, дар шароити муосир хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб кардаанд.
Терроризм ҳамчун усули муборизаи сиёсӣ бо истифода аз зӯроварӣ, тарсу ҳарос ва таҳдид ба аҳолии осоишта муайян карда мешавад. Ҳадафи асосии он ноором сохтани вазъият, таъсиррасонӣ ба қарорҳои сиёсӣ ва заиф гардондани сохторҳои давлатӣ мебошад. Экстремизм бошад, ифротгароиро дар ақида ва рафтор ифода намуда, радикализми шадидро таблиғ мекунад ва аксаран заминаи идеологӣ барои амалҳои террористӣ фароҳам месозад. Ҳарчанд ин ду мафҳум аз лиҳози мазмун фарқият доранд, дар амал онҳо бо ҳам зич алоқаманд буда, якдигарро тақвият медиҳанд.
Дар даҳсолаҳои охир ҷаҳон шоҳиди афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ гардид. Ташкилотҳое чун “Ал-Қоида” ва “Давлати исломӣ” бо истифода аз шиорҳои динӣ ва сиёсӣ ҷавононро ба сафи худ ҷалб намуда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон амалҳои хунин содир карданд. Ин гурӯҳҳо аз имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет истифода бурда, таблиғоти густурда мебаранд ва афроди осебпазирро ба доми худ мекашанд. Маҳз ҳамин хусусияти фаромиллӣ ва истифодаи технологияҳои нав терроризмро ба хатари воқеан глобалӣ табдил додааст.
Сабабҳои пайдоиш ва густариши терроризм ва экстремизм гуногунанд. Паст будани сатҳи маърифат ва ноумедӣ аз оянда метавонанд заминаи мусоид барои паҳншавии ғояҳои ифротӣ фароҳам оваранд. Дар баробари ин, муноқишаҳои сиёсӣ, бесуботӣ дар давлатҳои алоҳида, суиистифода аз арзишҳои динӣ ва заъфи идоракунии давлатӣ низ ба афзоиши ин падида мусоидат мекунанд. Баъзан қувваҳои манфиатдор бо ҳадафҳои геополитикӣ аз гурӯҳҳои ифротгаро дастгирӣ менамоянд, ки ин ҳолат вазъиятро боз ҳам мураккаб месозад.
Хатарҳои терроризм ва экстремизм танҳо бо талафоти ҷонӣ маҳдуд намешаванд. Онҳо ба иқтисодиёт зарбаи сахт мерасонанд, сармоягузориро коҳиш медиҳанд ва рушди соҳаҳои муҳими иҷтимоиро бозмедоранд. Дар кишварҳое, ки ба амалҳои террористӣ дучор мешаванд, фазои нобоварӣ ва тарс ҳукмфармо мегардад, ки ин ба руҳияи ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ғайр аз ин, терроризм боиси афзоиши гурезаҳо, буҳронҳои башардӯстона ва нооромии минтақавӣ мегардад.
Ҷомеаи байналмилалӣ барои муқовимат ба ин падида тадбирҳои гуногун меандешад. Созмонҳое чун Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Шанхай барномаҳо ва стратегияҳои муштаракро барои мубориза бо терроризм қабул намудаанд. Ҳамкории иттилоотӣ, таҳкими назорати марзҳо, мубориза бо маблағгузории терроризм ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Бо вуҷуди ин, таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо чораҳои низомӣ барои решакан кардани ин зуҳурот кофӣ нестанд.
Барои пешгирии экстремизм зарур аст, ки ба омилҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва тафаккури интиқодӣ метавонад таъсири таблиғоти ифротиро коҳиш диҳад. Нақши оила, муассисаҳои таълимӣ ва воситаҳои ахбори омма дар ин самт бисёр муҳим аст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд дар ташаккули муҳити солими иҷтимоӣ саҳм гузорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ собит намуд, ки ифротгароӣ ва тафриқа ҷомеаро ба фоҷиа мебарад. Аз ин рӯ, таҳкими ваҳдати миллӣ, боло бурдани сатҳи худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ҳамчун сипари боэътимод бар зидди ғояҳои ифротӣ хизмат мекунанд. Қонунгузории миллӣ бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ такмил дода шуда, сохторҳои дахлдор барои таъмини амният фаъолият мебаранд.
Дар шароити муосир мубориза бо терроризм бояд хусусияти фарогир дошта бошад. Илова ба тадбирҳои қонунӣ ва амниятӣ, таҳкими адолати иҷтимоӣ, таъмини шароити муносиби зиндагӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва рушди фарҳанги муколама миёни тамаддунҳо аҳамияти калидӣ дорад. Танҳо дар сурати ҳамгироии саъю кӯшиши давлатҳо ва ҳамкории зичи байналмилалӣ метавон ба коҳиши ин хатари глобалӣ ноил гардид.
Хуллас, терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаҳои мураккаб ва бисёрҷанба ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунанд. Онҳо на танҳо амният, балки суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамзистии осоиштаи миллатҳоро зери суол мебаранд. Мубориза бо ин зуҳурот бояд ба асосҳои ҳуқуқӣ, маънавӣ ва иҷтимоӣ такя намуда, ҳамзамон бо баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ амалӣ гардад. Танҳо дар ин сурат метавон ҷаҳони амну осоиштаро барои наслҳои имрӯзу фардо таъмин намуд.
Қурбонов С.. Р.-н.и.т., омузгори кафедраи беҳдошт ва экология