ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҲАЁТИ ИНСОН
Смартфонҳо (телефонҳои мобилӣ) як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти инсон шудаанд. Мо онҳоро барои кор, муошират, вақтхушӣ ва ғайра истифода мебарем. Бо вуҷуди ин, истифодаи тӯлонии смартфон метавонад ба биноиши инсон таъсири манфӣ расонад.
Омилҳои асосие, ки ба биноиш ҳангоми истифодаи смартфон таъсир мерасонанд:
· Масофаи наздик ба чашм. Экрани смартфон одатан дар масофаи тақрибан 20-30 см аз чашм ҷойгир аст. Ин масофа, назар ба масофае, ки мо одатан ба объектҳои дур нигоҳ мекунем, хеле наздиктар аст. Дар чунин масофаи наздик, мушакҳои чашм маҷбур мешаванд, ки доимо ба тасвир диққат диҳанд. Ин метавонад ба рушди миопия, астигматизм ва дигар нуқсонҳои визуалӣ оварда расонад.
· Нурпошиҳои кабуд. Экрани смартфонҳо нури кабуд мебарорад, ки метавонад ба чашм зарар расонад. Нури кабуд метавонад ба рушди дегенератсияи макулярӣ мусоидат кунад, ки яке аз сабабҳои асосии аз даст додани биниш дар пиронсолӣ мебошад.
· Кам будани равшанӣ. Мо аксар вақт смартфонҳоро дар торикӣ ё дар утоқҳои равшаниашон паст истифода мебарем. Ин метавонад ба хастагии чашм, хушкӣ ва ҳатто дарди сар оварда расонад.
Барои кам кардани таъсири манфии смартфон ба чашм, мо бояд чунин қоидаҳоро риоя кунем:
· Дар як вақт ба экрани смартфони худ зиёда аз 20 дақиқа нигоҳ накунед. Ҳар 20 дақиқа танаффус гиред, то чашмонатон истироҳат кунад.
· Смартфони худро аз чашмонатон на камтар аз 20-30 см дур нигоҳ доред.
· Хусусияти филтркунии нури кабудро истифода баред, агар смартфони шумо он функсияро дошта бошад.
Чанд маслиҳатҳои иловагӣ барои нигоҳ доштани биноиши хуб:
· Аз муоинаи тиббӣ-профилактикӣ мунтазам гузаред.
· Истеъмоли хӯрокҳои солим ва дорои витамину минералҳои лозимӣ, барои саломатии чашм хеле муҳим аст.
· Аз ҷиҳати ҷисмони фаъол бошед ва аз холатҳои стресӣ худдорӣ кунед.
· Бо риояи ин қоидаҳои оддӣ, шумо метавонед биноиши хубро барои солҳои зиёд нигоҳ доред.
Рашидзода Фариза Рашид
ассистенти кафедраи беҳдошти муҳити зист