ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ДАСТГИРӢ ВА РУШДИ ОНҲО ТАҲТИ СИЁСАТИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ДАСТГИРӢ ВА РУШДИ ОНҲО ТАҲТИ СИЁСАТИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар замони муосир рушди босуръати илму техника ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба яке аз омилҳои асосии пешрафти давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Имрӯз технологияҳои иттилоотӣ на танҳо воситаи интиқол ва нигоҳдории маълумот, балки омили муҳимми рушди иқтисодиёт, такмили низоми идоракунӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва таҳкими иқтидори зеҳнии ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ давлате метавонад мавқеи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ нигоҳ дорад, ки ба рушди илму маориф, истифодаи самараноки технологияҳои нав ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд. Аз ин рӯ, рушди технологияҳои иттилоотӣ барои кишвари маҳбуби мо низ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ба шумор меравад.

Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии ватани ҷононҷонамон бо ташаббус ва сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккул ва рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ заминаҳои муҳими ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодӣ фароҳам оварда шудаанд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ба давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва сиёсати созанда имконияти муносибест, ки дастовардҳои кишварро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ мавриди таҳлил қарор диҳем.

Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои ворид намудани технологияҳои муосир ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар мебошад.

Қадами муҳим дар ин самт қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, №1174 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»» ба ҳисоб меравад. Ин санад барои муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ заминаи муҳим гузошт.

Қабули чунин санади стратегӣ шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти давлат аҳаммияти технологияҳои иттилоотиро дар рушди ҷомеа ва иқтисоди миллӣ сари вақт дарк намуда, истифодаи онҳоро яке аз воситаҳои муҳимми пешрафти кишвар арзёбӣ кардааст.

Дар солҳои минбаъданиз бо мақсади тақвият бахшидани ин раванд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ аз ҷумлаи санадҳои муҳимми ин самт мебошанд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» низ барои танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ дар самти ташаккул, истифода, ҳифз ва паҳн намудани захираҳои иттилоотӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Ҳамин тавр, ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва институтсионалии соҳа нишон медиҳад, ки рушди технологияҳои иттилоотӣ дар кишвар хусусияти пайгирона ва мақсаднок дошта, ба талаботи замони муосир мутобиқ карда мешавад.

Дар шароити муосир иқтисоди рақамӣ яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани рақобатпазирии давлат ва истифодаи самараноки имкониятҳои иқтисодию истеҳсолӣ ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои худ пайваста ба масъалаҳои рушди илму техника, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, такмили инфрасохтори рақамӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Яке аз иқдомҳои муҳимми ин раванд эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» мебошад. Ин иқдом бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025, №911 амалӣ гардида, барои суръат бахшидан ба равандҳои рақамикунонӣ ва густариши технологияҳои инноватсионӣ заминаи нав фароҳам овард.

Ин ташаббус аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди технологияҳои рақамӣ дар сиёсати давлатӣ на танҳо ҳамчун воситаи ёрирасон, балки ҳамчун яке аз самтҳои стратегии рушди миллӣ арзёбӣ мегардад.

Татбиқи иқтисоди рақамӣ имконият медиҳад, ки:

1.     самаранокии фаъолияти корхонаю муассисаҳо баланд бардошта шавад;

2.     хизматрасониҳои давлатӣ дастрас ва босифат гарданд;

3.     шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ тақвият ёбад;

4.     соҳибкории рақамӣ ва тиҷорати электронӣ рушд намояд;

5.     ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои технологияҳои муосир таъсис дода шаванд;

6.     иқтидори содиротии хизматрасониҳои рақамӣ афзоиш ёбад.

Махсусан, рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои информатсионӣ, пойгоҳҳои маълумот, шабакаҳои баландсуръати интернет ва системаҳои автоматикунонидашуда барои иқтисоди миллӣ имкониятҳои нав фароҳам меоранд.

Маориф яке аз соҳаҳои асосие мебошад, ки рушди он бо истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ робитаи мустақим дорад. Дар замони муосир сифати таълимро бе истифодаи воситаҳои рақамӣ, захираҳои электронии таълимӣ ва усулҳои инноватсионии омӯзиш тасаввур кардан душвор аст.

Дар сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури техникӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва истифодаи технологияҳои муосир ҷойгоҳи махсус дорад.

Қабули Барномаи давлатии ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2024, №154 тасдиқ шудааст, яке аз қадамҳои муҳим дар самти рақамикунонии соҳаи маориф мебошад.

Татбиқи барномаи мазкур барои беҳтар намудани сифати таълим, ворид намудани технологияҳои рақамӣ ба раванди омӯзиш ва такмили шаклу усулҳои таълим равона гардидааст.

Дар ин замина, мо омӯзгорон бояд на танҳо истифодабарандаи технологияҳои иттилоотӣ, балки роҳнамо ва ташаббускори истифодаи дурусту самараноки онҳо дар раванди таълим бошем.

Аз нигоҳи илмӣ-методӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим метавонад дар самтҳои зерин амалӣ гардад:

Якум, истифодаи тахтаҳои электронӣ ва презентатсияҳои мултимедиявӣ. Ин воситаҳо ба мо имконият медиҳанд, ки маводи таълимӣ ба таври аёнӣ, фаҳмо ва шавқовар пешниҳоди шогирдон гардонем.

Дуюм, истифодаи платформаҳои таълимии электронӣ. Тавассути чунин платформаҳо мо омӯзгорон метавонем маводи таълимӣ, супоришҳо, тестҳо ва натиҷаҳои фаъолияти шогирдонро ба таври электронӣ пешниҳод ва назорат намояд.

Сеюм, истифодаи захираҳои интернетӣ ва китобхонаҳои электронӣ. Ин имконият медиҳад, ки шогирдон ба сарчашмаҳои гуногуни илмӣ дастрасӣ пайдо намуда, малакаҳои мустақилона ҷустуҷӯ кардан ва таҳлил намудани маълумотро инкишоф диҳанд.

Чорум, истифодаи зеҳни сунъӣ дар таълим. Зеҳни сунъӣ метавонад ҳамчун воситаи ёрирасон барои таҳияи маводи таълимӣ, шарҳи мавзӯъҳои мураккаб, омода намудани саволҳои санҷишӣ ва мутобиқсозии омӯзиш ба сатҳи дониши шогирдон истифода шавад. Ҳамзамон, мо омӯзгорон бояд дурустии маълумоти пешниҳодшуда ва риояи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқиро мунтазам зери назорат намоем.

Панҷум, рушди саводнокии рақамӣ. Ҳар як донишҷӯй бояд на танҳо истифодаи компютер ва интернетро донад, балки қобилияти арзёбии дурустии маълумот, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва риояи фарҳанги муоширати рақамиро низ дошта бошад.

Ҳамин тариқ, истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотӣ метавонад сифати таълимро беҳтар намуда, барои ташаккули шахсияти донишманд, эҷодкор ва рақобатпазир мусоидат намояд.

Дурнамои рушди дилхоҳ соҳа аз он вобаста аст, ки то кадом андоза имкониятҳои технологияҳои рақамӣ ба талаботи воқеии ҷомеа он ҷо мутобиқ карда мешаванд. Ҳадафи асосӣ бояд истифодаи технология барои беҳтар намудани сифати зиндагии мардум, рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими иқтидори илмии кишвар бошад.

 Ҳамин тариқ, таҳлили равандҳои ташаккул ва рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар кишварамон нишон медиҳад, ки ин соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илму техника, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва инноватсия барои пешрафти соҳа заминаҳои мусоид фароҳам овардаанд.

Мо, аҳли маориф ва ҷомеаи илмӣ, бояд дар татбиқи ин сиёсати созанда саҳми арзандаи худро гузошта, ҷавононро ба омӯзиши илмҳои муосир, технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ ва навовариҳои техникӣ ҳидоят намоем.

Зеро дар ҷаҳони имрӯза дониш, технология ва навоварӣ неруи асосии пешрафти давлат ва ҷомеа ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, истифодаи самараноки имкониятҳои технологияҳои иттилоотӣ метавонад барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ ва ташаккули ҷомеаи пешрафтаи рақамӣ заминаи устувор гузорад.

Ятимов Ибодулло, ассистенти кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ


14.11.2026 14

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php