ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯҲО ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ КЛИНИКӢ БАРРАСӢ ШУД
Дар ҷаласаи навбатии Шурои клиникии Донишгоҳ, ки 26-уми майи соли равон дар толори Пажуҳишгоҳи тибби бунёдӣ баргузор гардид, тибқи нақша масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, раиси Шурои клиникӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Ҳусейнзода З.Ҳ. баргузор шуда, дар он мудирони кафедраҳои клиникӣ, директорони марказҳои клиникӣ, роҳбарони ординатураи клиникӣ ва масъулони самти муолиҷавии кафедраҳо иштирок намуданд. Нахуст раиси Шурои клиникӣ Ҳусейнзода З.Ҳ. ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, доир ба масъалаҳои рӯзнома ва аҳамияти онҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин ворид гардида буданд:
- натиҷа ва вазъи иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ аз ҷониби сохторҳои клиникии Донишгоҳ;
- баррасии лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлат дар доираи Афзалияти якуми Стратегияи рушди МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» то соли 2030;
- масъалаҳои ҷорӣ ва гуногун.
Доир ба масъалаҳои баррасишаванда сардори шуъбаи назорати ҳуқуқӣ Саидзода Ҷ.З. ва директори Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ Қобилзода Қ.К. маъруза намуданд. Ҳамзамон, дар муҳокимаи масъалаҳо аъзои Шурои клиникӣ Назаров Ш.Қ., Хокироев Т.З., Муҳаммадиева К.М. ва Қозидавлатзода Б.Қ. фаъолона иштирок карда, пешниҳоду андешаҳои судманд ироа намуданд. Ҳамчунин, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар ҷаласаи Шурои клиникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино буд. Иқдоми мазкур санаи 23-юми майи соли 2026 тибқи фармони Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба хотири арҷгузорӣ ба саҳми арзишманди фарзанди барҷастаи миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар рушди соҳаи тандурустӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ роҳандозӣ мегардад. Муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, раиси Шурои клиникӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Ҳусейнзода З.Ҳ. зимни суханронии худ аҳамияти таърихӣ ва илмии ин ташаббусро махсус таъкид намуда, онро қадами муҳим дар роҳи муаррифии мероси гаронбаҳои тиббии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ кард.Ҳамзамон, ба мудирони кафедраҳо тавсия дода шуд, ки ҷиҳати тавзеҳ ва тарғиби аҳамияти Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино тавассути воситаҳои ахбори омма баромад ва мусоҳибаҳо анҷом диҳанд.
Дар анҷоми ҷаласа аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои иҷро ба сохторҳои марбута пешниҳод шуданд.
Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ