ТАШАККУЛИ СИФАТҲОИ АХЛОҚИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР АСОСИ ОМӮЗИШИ ОСОРИ ГАРОНБАҲОИ УСТОД МИРЗО ТУРСУНЗОДА

ТАШАККУЛИ СИФАТҲОИ АХЛОҚИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР АСОСИ ОМӮЗИШИ ОСОРИ ГАРОНБАҲОИ УСТОД МИРЗО ТУРСУНЗОДА
Имрӯзҳо ташаккулёбии сифатҳои ахлоқию маънавии шахсияти ҷавонони донишҷӯ яке аз муҳимтарин вазифаи соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, ки дар ин раванд нақши омӯзгор хеле муҳим аст. Тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон, бахусус донишҷӯён дар тамоми ҳаёти инсоният мақсади аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, зеро асоси ҷомеаро одоб ва маънавият ташкил медиҳад. Омӯзиши эҷодиёти мутафаккирони халки кухани тоҷик аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо бо мақсади тарбияи ҳаматарафаи насли наврас ба тарғиби масъалаҳои ахлоқӣ, ватандӯстӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва одоби хонаводагӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, инсондӯстӣ ва ҷанбаҳои дигари маънавиёти ҷавонон рӯ овардаанд.
Ҳаминро бояд қайд кард, ки дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи насли оянда асарҳои мутафаккирони бузурги тоҷик, чун Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ, Шайх Саъдӣ, Мир Сайид Алии Хамадонӣ Ахмади Дониш ва шоирону нависандагони муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, А.Лоҳутӣ, Р. Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, С.Улуғзода, А. Деҳотӣ, М. Миршакар ва дигарон нақши муҳим доранд.
Ақидаҳои мутафаккирон, олимон, шоирону нависандагони бузурги тоҷик бо ақидаҳои хирадмандонаи халқ омезиш ёфта, ба ташаккули фарҳанги педагогии халқҳои Осиёни Миёна таъсири зиёде гузоштаанд, ки то ҳол аҳамияти худро гум накардаанд.
Яке аз чунин шахсиятҳои бузурге, ки осори ӯ саршор аз масъалаҳои ахлоқи баланди инсонӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, инсондӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ буда, маҳз ба тарбияи инсони комил бахшида шудааст, шоири махбуби халқи тоҷик, каҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода мебошанд, ки соли равон 110 солагии рузи таваллудашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад
Устод Мирзо Турсунзода – Шоири Халқии Тоҷикистон, ходими ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1967), академики Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон (1951). Аз оилаи дуредгар, узви Иттифоки Нависандагони СССР мебошад. Бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 майи соли 2001 бо унвони баланд – «Қаҳрамони Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шудааст.
Устод Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор (ҳозира Шаҳринав) таваллуд ёфтааст. Соли 1930 Дорулмуаллимини Тошкандро ба итмом расонида, ба ҳайси мудири шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва муддате дар вазифаи роҳбари қисми адабии Театри давлатии мазҳакаю мусиқии Ленинобод ба номи А.С.Пушкин адои хидмат кардааст. Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба кор гузашта, вазифаҳои мудири шуъбаи ташкиливу оммавӣ ва роҳбари шӯрои драманависонро бар уҳда доштааст. Соли 1939 раиси Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ (Главлит), соли 1943 сардори Раёсати санъати ҷумҳурӣ таъин гардидааст.
Аз соли 1946 то охири умраш раиси Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда доштанд.
Чӣ хеле, ки худи устод дар мақолаи пешгуфтори «Дар бораи худам» китоби «Шеърҳо ва достонҳо» қайд кардаанд, нахустин маҷмӯаи шеъру хикояҳои ман «Байрақи зафар» соли 1933 аз чоп баромад. Аз он дам шеър хамроҳу ҳамсафари чудонашавандаи ҳаёти ман гардид. Чун аз овони бачагӣ шеърҳои диловези Рудакӣ, Ҳофиз, Бедилро аз ёд медонистам, мероси назми классикӣ дар корҳои эҷодӣ муттакои ман гардид»[5,12 ].
Бояд қайд кард, ки устод М.Турсунзода баъдтар аҳволи оила ва авзои овони кӯдакии худро дар манзумаи «Водии Ҳисор» ёдоварӣ мешавад:
Солҳое, ки ман ҷавон будам,

Бехабар аз гапи ҷаҳон будам.

Рӯзу шаб мегузаш бематлаб-

Бе қалам, бе китоб, бе мактаб.
Модари Мирзо Турсунзода дар солҳои 1920 ва падараш дар соли 1933 аз ҳаёт гузаштаанд. [3. 247].
Соли 1932 маҷмӯаи якуми шеър, очерк ва ҳикояҳои Мирзо Турсунзода «Байрақи зафар» аз чоп баромад.
Соли 1937 аввалин достони Турсунзода «Хазон ва баҳор» ба табъ расид. Турсунзода бо ҳамроҳии А. Деҳотӣ драмаи «Хусрав ва Ширин» (1936), либреттои аввалин операи миллии тоҷик — «Шӯриши Восеъ»-ро( эҷод кард. «Шӯриши Восеъ», ки достони муборизаи қаҳрамононаи мардуми тоҷик барои адолат ва бар зидди зулму ситам аст, барои инкишофи санъати операи тоҷик роҳ кушод ва дар тараққиёти драматуртия нақши намоён гузошт.
Турсунзода дар эҷоди асарҳои коллективонаи «Хатти заррин» ва «Оби ҳаёт» бо С. Айнӣ, А. Деҳотӣ ва Х. Юсуфӣ ҳамкорӣ кардааст. Дар ин солҳо самимияту ҳиссиёти баланд, забони содаву равон, навоварӣ дар шаклу мазмун ва рукнҳои муҳими услуби эҷодии ӯ қарор гирифтанд. Мисоли равшани ин шеърхои «Хандида меояд», «Дар сари тасвир», «Баҳор», «Ба истиқболи баҳор» мебошанд, ки тамоми ҷузъиёт ва тасвири манзараҳо ғояи асосӣ — муборизаи роҳи озодии меҳнаткашон буда, моҳияти васеи ҷаҳонбинии шоирро равшан ифода кардаанд.
М. Турсунзода инчунин яке аз асосгузорони жанри драма дар адабиёти муосири тоҷик шинохта шудааст. Ба шарофати фаъолияти ӯ репертуари театрҳои республика бой гардид. Дар солҳои пеш аз ҷанг ғайр аз пйесаи «Ҳукм» (1934) бо ҳамкории А. Деҳотӣ драмаи мусиқии «Хисраву Ширин» (1936) ва пйесаи мусиқии «Шӯриши Восеъ» навишта, дар давраи ҷанг ва баъди ҷанг бештар ба эҷоди либреттои опера ва киносенарияҳо рӯ овардааст. Либреттои аввалин операи тоҷик «Шӯриши Восеъ (1940), либреттои операи «Тоҳир ва Зуҳро» (1943), операи лирикии мазҳакавӣ—«Арӯс» (1945), либреттои балети «Писари Ватан» (1967), асоси назмию мусиқии кинофильми «Ман бо духтаре вохӯрдам» (1957), кинофильмҳои «Ҳасани аробакаш» (1965), «Бо амри дил» (1968) бо хамкории Инна Филимоновна ва киноповести «Аз Ганг то Кремль» (1975) бо хамкории Дмитрий Булгаков ва Латиф Файзиев аз сахми арзандаи Турсунзода дар ин жанр шаҳодат медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки Мирзо Турсунзода яке аз публитсистҳои оташинсухан аст, ки ба қалами ӯ зиёда аз 300 номгӯй мақолаҳои публитсистии ба мавзӯъҳои ҳаёти кишвар ва воқеаҳои байналхалқӣ бахшижа шуда мансубанд.[3,249].
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани (1941—19 45) мавзӯи ватандӯстиӣ дар ашъори Турсунзода боз ҳам вусъат ёфта, андешаҳои ватандӯстонаи шоир бо ғояҳои инсониятпарварӣ, дӯстии халкҳо ва интернатсионализм бой гардид, эчодиёти ӯ бо муборизаи диловаронаи мардуми тоҷик ва советӣ бар зидди фашизм робитаи устувор пайдо кард. Дар ҳифзи Ватан ба по бархестани мардуми тоҷик («Хайр, модари азиз»), муборизаи диловарона ва корнамоихои беназири ҷанговарон дар майдони корзор («Хотираи капитан» ва «Баҳодури тоҷик»), дӯстию рафоқат, хаммаслакии одамони советӣ ва ғамхории ҳамшираҳои мушфик ба чанговарон («Ҳамшираҳо»), дӯстии миллатҳои сотсиалистӣ («Роҳи оҳан»), ягонагии халқу Ватан ва халку Армияи Совети («Ҳаргиз», «Ба ҷанг»), меҳнати ватандӯстона ва бунёдкоронаи мардуми ақибгоҳ, («Офарин»)—чунинанд доираи мавзуъхои ашъори Турсунзода дар он давра. Калонтарин асари Турсунзода дар он солҳо достони «Писари Ватан» (1942) мебошад.
Мавзӯи достон иштироки фарзандони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муборизаи фаъолонаи онҳо ба муқобили фашистони истилогар ва дар ҷараёни ин мубориза боз ҳам қавию мустаҳкамтар гардидани дӯстии халқҳои советист. Дар образи қаҳрамонони достон Қодир, Саодат, Микола ва Марина беҳтарин хислатҳои ҷавонони совети ифода гардидааст. Онҳо муборизу фидокор ва содиқу вафодор буда, ҳама якҷоя образи халқро ба вуҷуд овардаанд. Ба ин маъни дар достон ҳам меҳнати диловаронаи халқи тоҷик дар ақибгоҳ ва ҳам муборизаи қаҳрамононаи он ба муқобили фашистони истилогар хеле равшан тасвир ёфтааст. Образи писари тоҷик Қодир ва Миколаи украин, ҷарроҳи рус, ки чашмони Қодирро даво кардааст, тимсоли дӯстии вайроннашавандаи миллатҳои гуногун аст. «Писари Ватан» яке аз беҳтарин асарҳои адабиёти тоҷик дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шумор меравад. Дар асари дигари ӯ «Барои Ватан» (1942), ки бо ҳамроҳии А. Деҳотӣ навиштааст, садоқату вафодории ҷанговарони советӣ ба халқу Ватан ба риштаи назм кашида шудааст. Эчодисти Турсунзода пас аз Ҷанги Бузурги Ватани тимсоли инкишофи адабиёти тоҷик, алалхусус, назми он мебошад. «Арус аз Москва» (1945), «Водии Хисор» (1947), силсилаи шеърхои «Қиссаи Ҳиндустон» (1947), «Ман аз Шарқи озод» (1951), «Дар кишвари тоҷик», «Садои Осиё» (1956) ва ғайра аз чумлаи асарҳои пурмазмун ва баландгояи Турсунзода ҳисоб меёбанд. Ин асарҳо, ки ҷиҳатҳои муҳимми зиндагии халқи точик ва ҳаёти кишвархои хориҷиро фаро гирифтаанд, аҳамияти калони миллӣ ва интернасноналӣ доранд.
Дар эҷодиёти Турсунзода пас аз аввалин сафари ӯ ба хориҷа — иштироки шоир дар Конференсияи нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африка (Деҳли, марти 1947) тағйироти куллӣ ба амал омад. «Қиссаи Ҳиндустон», ки аввалин силсилаи шеърҳои Турсунзода дар мавзӯи хориҷӣ буда, ҳаёти халқи ҳиндуро пеш аз ба даст овардани истиқлолияти миллии Ҳиндустон тасвир менамояд, аз ду қисм иборат аст: ба қисми якум, ки соли 1947 навишта шудааст, шеърҳои «Бозгашт», «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Рӯди Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара Чандри» ва «Дар ёди кас» тааллук доранд Ба кисми дуюм силсилаи шеърҳхои «Сайёҳи ҳинд», «Тоҷмаҳал», «Дар орзӯи ошён», «Кадаҳи ман», «Кулоҳи профессор Ахвледиани» ва «Ду роҳ» дохил мешаванд, ки дар давоми солҳои 1948—49 навишта шудаанд.
Як хусусияти «Қиссаи Ҳиндустон» ин аст, ки хама шеърхои силсила бо даъвати рӯҳбаландкунанда анҷом ёфтаанд. Хусусияти дигари ашьори ӯ ин аст, ки шоир зимни тасвири ҳаёти дигар халқҳо дар бораи Иттифоки Совети ва мардуми озоди мамлакати советхо сухан ронда, хушбахтии халки точик ва ободию озодии кишвари худро таъкид карда, афзалияти сохти сотсиалистиро нишон медихад. Ин маънӣ хусусан дар манзумаҳои «Тоҷмаҳал» ва «Ду роҳ» равшан ифода ёфтааст.
Бояд зикр кард, ки асарҳои дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҷокдкрдаи шоир аз ҷиҳати мундариҷаи идеявии худ аз сафарбар кардани қувваи халқ бар зидди фашизм, дар мубориза руҳбаланд намудани ҷанговарон ва меҳнаткашони ақибгоҳ, барангехтани ҳисси адаватиу интиком нисбат ба душман, тарбияи ватандӯстӣ, боварӣ ба ғалаба иборатанд. Аввалин шеъри дар ин мазуъ эчодкардаи М Турсунзода «Хайр, модари азиз» мебошад, ки 24 июни соли 1941 навишта шудааст, ки он аз муколамаи писару модар иборат аст:
«Модарам, меравам аз пеши ту ман,

Ба дифои шарафу шаъни Ватан...»

Меравам, то ки зиреҳ пӯшам ман,

Дар роҳи фатҳу зафар кӯшам ман….

Гуфт: «Рав, ҷанги далерона бикун,

Ҷанг бо лашкари бегона бикун.

Бош фарзанди сазовори падар,

Лоиқи ин Ватан, ин хонаву дар».[5.226].
Қобили зикр аст, ки достони «Ҳасани аробакаш» асари калонҳаҷмест, ки устод Мирзо Турсунзода онро солхои 1952-1954 офаридааст. Ҳамин тавр, мавзӯи достон тавлиду ташаккули хислатҳои одами навро дар маркази диққат мегузорад. Табаддулоти характери қаҳрамонон дар заминаи дигаргуниҳои таърихии ҳа¬ёти республикаи ҷавони Тоҷикистон ва пойтахти он Душанбе ба қалам омадааст.
Дар достон бисёр хусусиятхои эчодиёти шоир — кӯшиши муҳимтарин руйдодҳои ҳаёти халкро акс додан, ба вуҷуд овардани образҳои барҷаста, оммафаҳмии тасвир, эчодкорона инкишоф додани анъанахои достонсароии классикиӣ ва робита бо эҷодиёти халқ, истифодаи таҷрибаи адабиёти рус ва ғайра ифода ёфтанд. Фаъолияти қаҳрамони асосии достон — Ҳасан дар давраи мустаҳкам кардани ҳокимияти чавони советӣ ва ҷорӣ шудани ғояҳои сотсиализм дар хаёт ва шуури халки точик мегузарад. Онхо софдилона меҳнат мекарданд, вале ҳамчун яккадаст моликияти хусусиро мепарвариданд. [3.290].
Образи Ҳасан характери мукаммали типист. Раиси колхоз, ки марди хирадманд, ташкилотчӣ ва тарбиятгарест, маҳбубаи Ҳасан — муаллима Садаф, ки тачассуми озоди ва инкишофи маънавии занон дар шароити сосиалиэм мебошад, духтур Иван Кузмич, ки далели мададгории халки рус ба мардуми точик аст, образи Хасанро пурратар кардаанд. Дар достон образи муаллиф — киссапардоз мавқеи муҳим дорад. Дар достонҳои Турсунзода «Садои Осиё» (1956), «Духтари муқаддас» (1957), «Чароғи абадӣ» (1958), «Ҷони ширин» (1960) масъалаҳои гуманизм ва интернасионализм ба миён гузошта шудаанд. Дар «Садои Осиё» шоири ҳақиқатнигор, инсонпарвар ва фарзанди содиқи Шарқ муборизаи ранҷбарони мамлакатҳои Осиёро ба риштаи назм кашидааст. Шоир муборизаи ду ҷахон—чахони истибдоди фаношаванда ва чахони ранчбарони музаффарро тасвир намуда, галабаи мехнаткашонро падидаи ногузир мешуморад. «Чароғи абадӣ», ки достони лирикию фалсафист, ба ёди Айнӣ таълиф ёфгааст. Дар он ҳамаги як субҳи моҳи апрел — таваллуди фарзанд ва мулоқоти шоир бо Айни тасвир шудааст. Дар достон эҳтироми беандозаи шоир нисбат ба Айнӣ хеле самимона ифода шудааст. «Духтари муқаддас» достони лирикию эпикист ва ин тарзи тасвир барои офаридани орази равшани духтари адолатхоҳи ҳинду шакли басе мувофиқ аст.
Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки устод М.Турсунзада ҳамчун раиси Комитети советии якдилии халқҳои Осиё ва Африко, ҳамчун адиби намоён ва муборизи шӯълавари сулҳу амонӣ ҳамеша дар чорабиниҳои умумуииттифоқӣ ва умумиҷаҳонии озодихохон ва сулҳпарварон иштирок карда, бар зидди ҷангҷӯён, барои ҳамкорию дӯстӣ, озодию истиқлолияти халкҳои Осиё ва Африко мубориза бурдааст.
Достони «Ҷони ширин»(1959) ҷамъбасти сафарҳои шоир ва шарҳу эзоҳи моҳияти ҷаҳонгардии муборизи роҳи сулҳу озодӣ мебошад.
Мо сафар дорем бо амри Ватан,

Бо супоришҳои халқи хештан.

Дӯстиро ҷустӯҷу дорем мо,

Аз амони гуфтугӯ дорем мо.
Гуфтан ба маврид аст, ки шоир чун қаҳрамони лирикаи асар, ҳисси баланди муҳаббат, садоқат ва вафодории худро нисбат ба оила-зану фарзандаш баён менамояд, ки ин ҳамчун яке аз сифатҳои одоби дорои аҳамияти ахлоқию тарбиявӣ мебошад. Вобаста ба ин дар асар дар бораи озодӣ, хушбахтӣ ва мавқеи бузурги ҷамъиятии занони тоҷик, дар бораи нақши модар дар тарбияи насли нав сухан меравад.
Қадрдонию қадршиносӣ нисбат ба зан- модар ҳамчун як хислати бузурги ҷамъияти тавсиф меёбад, ки гуфтаҳои дар боло зикр гардида дар мисраҳои зерини устод М.Турсунзода чунин ифода ёфтаанд:
Дар диёри мо шуд одам арҷманд,

Шуд сари хамгаштаи занҳо баланд…

Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,

Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд!

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд…..[3,.275].
Қобили зикр аст, М.Турсунзода дар куҷое, ки бошад ва дар ҳар вазъият Ватани худ, мардумони он, табиати дилпазири зебову ноктакрори вай ва бо онҳо пайванд будани ҳаёту нишот, фазлу камол ва илму амали худро ёд ва таъкид мекунад, ки ин шаҳодати ифтихори инсондӯстии ва ватнпарастии ӯст: Омадам,
Дар Тоҷикистони азиз

То бубинам рӯи ёрони азиз…

То бароям бар сари кӯҳсорҳо

Сер бинам кишварамро борҳо…

То тавонам халкро ёрӣ диҳам,

Аз зафар, аз фатҳ, ахборе диҳам, …..[3,.276].
Хусусияти дигари кахрамони достон, ки гояхои ватандустоваи шоирро ифода менамояд, аз он иборат аст, ки у хамеша бо ёди диёри худ зиндагӣ мекард ва дар кадом қитъаи олам, ки бошад, худро аз Тоҷикистони азиз ҷудо тасаввур намекунад.
Забони достон хам хеле содаву равон буда, тафаккури амики шоирро ифода намудааст. Бисёр суханхои у дар шакли хикматхои халкии точики баён гардидаанд.
Қобили зикр аст, ки устод Мирзо Турсунзода барои хизматҳои шоёнаш бо унвони Лауреати мукофотҳои давлатӣ (1948), ва ленинӣ(1960), Лауреати мукофоти давлатии РСС Точикистон ба номи Рӯдакӣ (1963), Лауреати мукофоти байналхалкии Ҷавохирлол Неҳру (1968), депутати Совети Олии СССР (даъватхои 2—9), котиби Иттифоки Нависандагони СССР (аз соли 1959), раиси Комитети советии якдилии мамлакатхои Осиё ва Африка, аъзои Президиуми Совети Умумичахонии сулх мебошад. Бо 4 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 3 ордени Байраки Сурхи Мехнат, 2 ордени «Нишони фахрӣ», мукофотонида шудааст.
Мирзо Турсунзода 24 сентябри соли 1977 аз олам даргузашт. Мақбараи шарифи ӯ дар «Мазористони Лучоб» қарор дорад.
Барои абадӣ гардонидани хотираи Турсунзода Хонаи адибони Иттифоки Нависандагони Точикистон, Донишкадаи санъат, ноҳияи Регар ва шаҳри Регар номи Турсунзодаро гирифтанд. Ба муносибати 70-солагии зодрӯзи шоир дар шаҳри Турсунзода ҳайкали ӯ гузошта шуд.
Ин фарзанди фарзонаи миллат барои хизматҳои шоёнаш бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Каҳрамони Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуд.
Қобили зикр аст, ки ташаккули сифатҳои ахлоқии ҷавонон дар асоси ақидаҳои Шоири Халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода аҳамияти зиёди тарбивӣ дорад.
Истифодаи эҷодкоронаи асарҳои ин шахсияти бузург дар таҷрибаи кори тарбиявии мактабҳои олию миёна нақши муҳим доранд, зеро онҳо ақидаҳои беҳтарини ахлоқиро фарогир мебошанд. Мероси адабӣ, тавсияҳо, ақидаҳои ӯ барои дар рӯҳи олиҳиматӣ, инсондӯстӣ ва ватандустӣ тарбия намудани ҷавонон мусоидат менамояд. Асарҳои бешуморӣ устод Мирзо Турсунзода, ки ба тарбияи насли ҷавон равона гардида, саршор аз муҳаббат ба ватан, ахлоқи олии инсонӣ мебошанд, барои тарбияи наслҳои имрӯзу фардо ва маънавиёти баланди онҳо мусоидат менамоянд.
АДАБИЁТ:
1.Бабаев Юрий. Певец солнечных вершин. -Душанбе.1978. 162.с.
2.Бобоев Юрий. Сипоҳсолори назм. -Душанбе.1971, 186 с.
3. Мирзо Турсунзода/ Адабиёти советии тоҷик// Барои синфи11//. Х.Мирзозода, Н.Маъсуми, Ю.Бобоев, А.Вахобов.-Душанбе, «Маориф», 1990. С.247-300
4.Сайфуллоев Атахон. Мирзо Турсунзода.- Душанбе. 1978.-153 с.
5. Турсунзода Мирзо. Шеърҳо ва достонҳо (Барои бачаҳои синни миёна ва мактабӣ). - Душанбе : «Адиб»,1988. 240 саҳ.
6.Энсиклопедияи советии точик./Сармуҳаррири илмӣ М.С.Осимӣ,--Сарредаксияи илмии энсиклопедияи советии тоҷик.-Душанбе,-1987 С. 453-455

Манижа Юлдошева, омӯзгори каф.акушерӣ ва гинекологии «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино»,номзади илмҳои тиб, Мӯниса Юлдошева, омӯзгори каф. эндокринология, М.К.Шодиматова М.К., омӯзгори калони каф. забони тоҷикӣ, Д.М.Нажмиддинова, Ш.Ю.Мирзоева, омӯзгорони каф. забонҳои хориҷии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино»

24.04.2021 823

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php