ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН -ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН -ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандӣ дар Донишгоҳ таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон - омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» дар доираи ташаббуси «Курс ба курс» чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, инчунин доираи васеи профессорону омузгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳимми тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ, риояи қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, иштирокдорон оид ба хатарҳои рӯзафзуни терроризм ва экстремизм, одамрабоӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа, ки ба амнияти шаҳрвандон ва суботу оромии кишвар таҳдид менамоянд, андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар шароити муосир аҳаммияти махсус дошта, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузорад.

Чунин чорабиниҳои маърифатӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии солим, тақвияти ҳисси ифтихори миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба қонун ва масъулиятшиносӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


26.11.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php