“ТАНЗИМ – БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ”
Санаи 29.12.2022 дар толори лексионии Кафедраи бемориҳои дарунии №3-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки омӯзгорони кафедра, донишҷӯёну интернаҳо, ординаторони клиникӣ, ва кормандони МД ММТ ҶТ “Шифобахш” дар мавзуи «Танзим – баракати зиндагӣ» чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ мудири кафедра н.и.т., дотсент Уроқов К.З. баромад намуда, моҳияти иҷтимоӣ ва иқтисодии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба самъи ҳозирин расонида, қайд намуданд, ки Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Донишҷўён низ дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, бардошҳои худро доир ба аҳамияти ин Қонун иброз доштанд. Махсусан, Ҳоҷимурод Ҳасанов донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ бо маърузаи худ баромад намуда, баён дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон нақши созгор дорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ зикр карда шуд, ки Кормандони кафедраи бемориҳои дарунии №3 барои дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба тақвияти сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст, ҳаматарафа кушиш намуда, меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар кору зиндагӣ қатъиян риоя менамоянд.
Кафедраи бемориҳои дарунии №3