ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ДОНИШГОҲ

ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ДОНИШГОҲ

Ба муносибати таҷлили сазовор аз 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ санаи 5-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ бо иштироки доираи васеи ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва муҳассилин чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор карда шуд.

Баъди садо додани суруди миллӣ, ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ иштирокдоронро ба ин санаи муҳими таърихию сиёсӣ табрику муборакбод намуда, зикр доштанд, ки бо шарофати ин санаи тақдирсоз миллати куҳанбунёди тоҷик давлатдории навини хешро аз нав эҳё намуданд. Зикр гардид, ки дар пойдории истиқлоли комили давлатӣ саҳми фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои кулли тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эммоалӣ Раҳмон беназир аст. Маҳз бо талошҳои хастанопазири Сарвари маҳбуби кишвар, Тоҷикистон аз вартаи парокандагӣ наҷот ёфт ва имрӯз дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоистаро дорост.

Уруни Назар– шоир, узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, рӯзноманигори рӯзномаи “Садои мардум”-и Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониҳои хеш аз баракати Истиқлолу ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, шеърҳои эҷодкардаи хешро дар васфи соҳибистиқлолии мамлакат барои иштирокдорон қироат карданд. Як қатор донишҷӯёни фаъол, ки дар даврҳои озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” сазовори ҷойҳои намоён гардиданд бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Васфи Истиқлол аз ҷониби дастаи ҳунарии “Шифо” ба чорабинӣ таровати иловагӣ замм кард.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


7
6
5
4
3
2
1
05.09.2025 234

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php